Ширкати сохтмони “Сипар Ком” ҳудуди 1,2 млн доллар андозро пардохт накардааст

Нисбати директор ва сармуҳосиби ширкати биносози “Сипар Ком” аз рӯи далели саркашӣ аз пардохти андоз ба маблағи 13 млн сомонӣ (ҳудуди 1,2 млн доллар) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад. “Сипар Ком” аз соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ […]

Нисбати директор ва сармуҳосиби ширкати биносози “Сипар Ком” аз рӯи далели саркашӣ аз пардохти андоз ба маблағи 13 млн сомонӣ (ҳудуди 1,2 млн доллар) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

“Сипар Ком” аз соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ месозад. Яке аз лоиҳаҳои маъруфи ин ширкат маҷмааи истиқоматӣ дар кӯчаи Карамов дар қисмати шимолии Душанбе, каме дуртар аз Боғи Ирам ва роҳ ба самти дараи Варзоб мебошад.

Ба иттилои Агентӣ, айбнома ба директори ҶДММ “Сипар Ком” Сатторов А.У. ва сармуҳосиби ширкат Муминов Х.Б. пешниҳод шудааст.

“Аз 1 апрели соли 2021 то 1 апрели соли 2023 онҳо хилофи талаботи Кодекси андоз амал карда, бо мақсади саркашӣ аз пардохти андоз сарчашмаҳои андозбандиро пинҳон мекунанд”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Гуфта мешавад, бо роҳи пешниҳод кардани эъломияҳои носаҳеҳ ба мақомоти андоз онҳо аз пардохти андоз дар маҷмӯъ ба маблағи 8 млн 877 ҳазору 911 сомонӣ саркашӣ кардаанд.

“Бо назардошти ҷаримаву фоизҳо ин маблағ 13 млн 389 ҳазору 927 сомониро ташкил медиҳад,,- зикр мешавад дар хабар. – Бо ин кирдорҳои дидаву дониста онҳо ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расониданд”.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сатторов А.У. ва Муминов Ҳ.Б. бо дастрасии моддаи 292 қисми 2 банди «б» КҶ Тоҷикистон (саркашӣ аз пардохти андоз ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар ин модда ҷарима ба маблағи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.