Директори МТС: “Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ “барои пеш бурдани кори бозорҳо” фаъол аст”

Asia-Plus

Ҳузур ва фаъолияти консули ҳукумати худхондаи Толибон* дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон барои дуруст ба роҳ мондани кори бозорҳои наздсарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон равона шудааст. Ин нуктаро Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон (МТС) зимни нишасти хабарӣ,  имрӯза, 7-уми феврал, зикр кард.

Номбурда гуфт, ҳадафи фаъолияти консулгарии Афғонистон дар Хоруғ, ки ҳоло дар раъси он як намояндаи Толибон нишастааст, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти тиҷоратӣ ва иқтисодии мардуми ду кишвар аст.

Моҳи ноябри соли гузашта баъд аз он ки Зоҳири Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, консулгарии Афғонистон дар Хоруғ “барои надоштани имконоти иқтисодӣ” аз кор мондааст, шахсе бо номи Нақибулло Деҳқонзода дар наворе худро сарпарасти консулгарии генералии ҳукумати Толибон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон муаррифӣ кард.

Ӯ, гуфта буд, ки “Консулгарии генералии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон расман фаъолият мекунад ва он мустақил буда, мустақиман таҳти ҳимоят ва ҳидояти Вазорати умури хориҷии ҳукумати Толибон қарор дорад”.

Нақибулло Деҳқонзода дар он навор гуфта буд, ки “баъд аз суқути низоми ҷумҳурият доманаи фаъолиятҳои ин намояндагӣ дар бахшҳои ироаи хадамот ба атбои Афғонистон ва хориҷии муқими Тоҷикистон аз ҷумла, табдили шиноснома, судури васоит ва раводид, ҳамкории дуҷониба ва расидагӣ дар баҳсҳои транзит, тиҷорат, масоили марзӣ, зиндониёни ҳуқуқӣ ва ҷиноӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоту вазорати зирабти Тоҷикистон густариш пайдо кардааст”.

Он замон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз шарҳи суханони Нақибулло Деҳқонзода худдорӣ карда, кӯтоҳ гуфта буданд, ки ин масъаларо шарҳ намедиҳанд.

Ин аввалин намояндаи ҳукумати Толибон нест, ки дар консулгарии Хоруғ қарор дорад. Моҳи феврали соли гузашта расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки дар пайи фаромадани тарма ва вайрон шудани бинои консулгарии генералии Афғонистон дар Хоруғ як ҳайати ҳукумати Толибон барои боздид ба Хоруғ омадаанд. Мақомоти Тоҷикистон хабари омадани намояндагони Толибонро ба шаҳри Хоруғ тасдиқ ё рад накардаанд.

“Тавофуқи муътадили дипломатӣ”

Хайриддин Усмонзода дар посух ба паёмади эътирофи сафири ҳукумати Толибон ва ба ихтиёри онҳо гузоштани сафоратхонаҳояшон аз сӯи чанд кишвари ҳамсояи Тоҷикистон гуфт, ки “ба фаъолият оғоз кардани мақомоти расмии дипломатии ҳукумати Толибон маънои эътирофи расмии ҳукумати кунунии Афғонистонро надорад. Инро баёнияи нишасти матбуотии ВКХ Чин, ки дар ВАО нашр шуд, тасдиқ менамояд”.

Ӯ илова кард, ки аз ҷумла дар баёнияи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин, ки онҳо дастрас кардаанд, омадааст, ки “барои эътирофи расмии сиёсӣ пеш аз ҳама иҷро кардани он уҳдадориҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукумати Толибон хостааст, замина мешавад”.

Стратеги №1-и кишвар, ба фаъолият оғоз кардани сафоратхонаҳои ҳукумати Толибонро дар баъзе аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон “тавофуқи муътадили дипломатӣ” унвон кард, ки барои пайдо кардани заминаҳо дар мавриди ба миён гузоштани зарурати ҳаллу фасли масъалаҳо ва ё мушкмилиҳое ки имрӯз, дар Афғоинстон ҷой дорад, пешбинӣ шудааст.

Ӯ бори дигар ба мавқеи Тоҷикистон дар робита ба масъалаи Афғонистон таъкид кард ва гуфт, ки он дигар нашудааст.

Ӯ ҳамкории иқтисодии Тоҷикистонро бо Афғонистон ҳамкорӣ бо мардуми ин кишвар унвон кард ва гуфт, ки “он ҳамавақт хусусиятӣ инсондустӣ ва гуманитарӣ дорад”.

Гуфтан зарур аст, ки то кунун як қатор кишварҳо, аз ҷумла Чин, Эрон, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия сафоратҳои Афғонистонро ба намояндагони расмии Толибон таслим карда, дипломатҳои ин гурӯҳро пазируфтаанд.

Тоҷикистон аз кишварҳое мебошад, ки бо Толибон расман ҳеҷ гуна равобит надорад. Бо ин вуҷуд, додугирифти мол ва фурӯши барқ байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон идома дорад. Дар Душанбе то ҳол сафири ҳукумати пешини Афғонистон ба ҳайси намояндаи мардуми ин кишвар фаъолият мекунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...