БАОР ба “Сомон Эйр” ҷиҳати харидории ду Boeing 100 млн доллар медиҳад

Бонки авруосиёии рушд (БАОР) рӯйи масъалаи маблағгузорӣ ба ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҷиҳати харидории ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737 кор мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар хадамоти матбуоти ин ниҳоди молиявии минтақавӣ хабар доданд. “Мувофиқи нақшаи ширкати ҳавопаймоӣ оид ба зиёд кардани парки авиатсионӣ, ду навъи ҳавопаймоҳои зикршуда бояд соли 2024 харида шаванд”, – […]

Бонки авруосиёии рушд (БАОР) рӯйи масъалаи маблағгузорӣ ба ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҷиҳати харидории ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737 кор мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар хадамоти матбуоти ин ниҳоди молиявии минтақавӣ хабар доданд.

“Мувофиқи нақшаи ширкати ҳавопаймоӣ оид ба зиёд кардани парки авиатсионӣ, ду навъи ҳавопаймоҳои зикршуда бояд соли 2024 харида шаванд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, айни замон парвозҳо тариқи хатсайрҳои асосӣ аз ҷониби “Сомон Эйр” бо 6 ҳавопаймои тамғаҳои гуногуни Boeing 737 иҷро карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, аз хадамоти матбуоти “Сомон Эйр” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки мутобиқи стратегияи рушд ҳам зиёд кардани парки авиатсионӣ ва ҳам ҷуғрофияи парвозҳо ба нақша гирифта шудааст.

“Айни замон мо имкони харидорииҳавопаймоҳоро бо истифода аз лизинги молиявӣ ва амалиётӣ баррасӣ мекунем. Дар мавриди харидории ду ҳавопаймои Boeing 737 бо Бонки авруосиёии рушд ҳамкории зич дорем ва ба БАОР барои эътимод ва ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ мекунем”, – таъкид доштанд дар хадамоти матбуоти “Сомон Эйр”.

Ҷуғрофияи парвозҳо васеъ мешавад

То соли 2026 васеъ шудани ҷуғрофияи парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” аз ҳисоби роҳандозии хатсайрҳои зерин дар назар аст:    

соли 2024 аз Хуҷанд – ба Ҷидда, Дубай, Урумчи ва Истанбул;

соли 2024 аз Душанбе – ба Анталия, Ар-Риёз, Шарм-ул-Шайх,

соли 2025 – ба Сеул, Франкфурт, Амстердам, Гуанчжоу, Тифлис (Тбилиси), Машҳад, Париж, Бангкок,

соли 2026 – ба Ню-Йорк, Лондон, Пекин, Мадрид, Вена, Тел-Авив, Киев, Милан, Торонто, Варшава.

“Сомон Эйр” ягона ширкати амалкунандаи ҳавопаймоии Тоҷикистон мебошад.

Ширкати ҳавопаймоии давлатӣ – “Тоҷик Эйр” бо сабаби мушкилоти молиявӣ айни замон кор намекунад.

Аз соли 2020 дар ширкати “Сомон Эйр” афзоиши ҳамлу нақли мусофирон ба мушоҳида мерасад, ки дар соли 2023 (782 ҳазор нафар) аз соли токовидии 2019 (676 ҳазор нафар) зиёдтар шуд.

Дар бозори мусофиркашонии ҳавоии Тоҷикистон ҳамчунин 0 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ, аз ҷумла 5 ширкати Русия – "Ют Эйр", "Уральские авиалинии", "Северный ветер", "Сибирь-S7" ва "Ямал", ширкатҳо аз Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия ва Эрон низ кор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.