Мавсума Муинӣ ба ҷои Дилрабо Мансурӣ. Муовини раиси парлумони Тоҷикистон интихоб шуд

Asia-Plus

Мавсума Муинӣ, ки тобистони соли гузашта вакили парлумон интихоб шуда буд, имрӯз, ба ҷои Дилрабо Мансурӣ, ки чанд рӯз пеш ноиби сарвазири кишвар таъин шуд, муовини раиси парлумони Тоҷикистон интихоб шудааст. Дар ин бора сомонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки Мавсума Муинӣ, имрӯз, 7-уми феврал дар иҷлосияи панҷуми парлумон, ки таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, интихоб гардид.

Муовини нави раиси парлумон ҳамчунин, ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуда, аз ҳайати Кумитаи парлумон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният хориҷ шуд.

Ҳамчунин, вакилони парлумон дар ҷаласаи имрӯза фармони президент дар бораи таъин намудани Фирдавс Толибзода ба ҳайси раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ Фирӯз Шарифзода ва Сироҷиддин Икромиро тасдиқ карданд.

Зимнан, худи ҳамин рӯз, 7-уми феврал Мавсума Муинӣ, муовини нави раиси парлумон бо кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷаласаи корӣ баргузор кардааст.

Дар ҷаласа, ӯ Манижа Расулзодаро ки тоза бо амри раиси парлумон муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таъин гардид, муаррифӣ кардааст. Манижа Расулзода то ин дам  мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон буд.

Мавсума Муинӣ, ки солҳои 2017-2022 муовини раиси шаҳри Душанбе буд, соли 2022 раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид ва то соли 2023 дар ин курсӣ кор кард. Соли 2023 номзадии ӯ барои дарёфти курсӣ дар парлумон аз ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 ба ҷои Галбаҳор Назирӣ, ки муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида буд, пешниҳод шуд ва ҳамин тариқ, ба ҷои Назирӣ вакили парлумон интихоб шуд.

Мавсума Муинӣ яке аз кадрҳое гуфта мешавад, ки дар синни ҷавонӣ ва як муддати кӯтоҳ ба вазифаҳои баланди давлатӣ расид.

Ӯ 42 сол дорад ва хатмкардаи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос аст.

Баъди чанд соли кор дар Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат бо қарори ҳукумати кишвар соли 2009 аввал муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва баъдан муовини аввали раиси ин ниҳод кор кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...