Мавсума Муинӣ ба ҷои Гулбаҳор Назирӣ вакили парлумон шуданист

Номзадии Мавсума Муинӣ, раиси кунунии шаҳри Бӯстон барои дарёфти курсӣ дар парлумон аз ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 ба ҷои Галбаҳор Назирӣ, ки чанде пеш муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида буд, пешниҳод шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад. Интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудудии […]

Номзадии Мавсума Муинӣ, раиси кунунии шаҳри Бӯстон барои дарёфти курсӣ дар парлумон аз ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 ба ҷои Галбаҳор Назирӣ, ки чанде пеш муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида буд, пешниҳод шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд, №13 рӯзи 16-уми июли соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, №36, (бинои филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Хуҷанд) баргузор мешавад.

Мавсума Муинӣ яке аз кадрҳое гуфта мешавад, ки дар синни ҷавонӣ ва як муддати кутоҳ ба вазифаҳои баланд дар ҳукумати Тоҷикистон расид.

Ӯ 42 сол дорад ва хатмкардаи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос аст.

Баъди чанд соли кор дар Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат бо қарори ҳукумати кишвар соли 2009 аввал муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва баъдан муовини аввали раиси ин ниҳод кор кардааст.

Аз соли 2017 то соли 2022, замоне ки раиси шаҳри Бӯстон таъин гардад, ба ҳайси муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият мекард.

Мавсума Муинӣ ба ҷои Гулбаҳор Назирӣ,  ки моҳи марти соли 2020 аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд – №13 вакили парлумон интихоб шуда, моҳи августи соли 2022 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид, ба ин курсӣ пешбарӣ гардид.

Гулбаҳор Назирӣ хатмкардаи факултети забон ва адабиёти рус ва факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров мебошад.

Аз соли 1992 то соли 2007 дар ДДХ ба номи Б.Ғафуров ва аз соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вазифаи омӯзгор то декани факултет буд.

Аз курсии деканӣ соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.