Як ширкати нақлиётии Русия тоҷикистониёнро ба кор даъват мекунад

Дар вохӯрии консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода ва директори яке аз департаментҳои ширкати бузурги нақлиётии Русия "KIT" Игор Долганов масъалаи ҷалби шаҳрвандони Тоиқикистон ба кор дар ин ширкат баррасӣ шуд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург хабар доданд, зимни мулоқот раҳбарияти ширкати "KIT" таъкид доштааст, ки ба пешниҳоди шароити […]

Дар вохӯрии консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода ва директори яке аз департаментҳои ширкати бузурги нақлиётии Русия "KIT" Игор Долганов масъалаи ҷалби шаҳрвандони Тоиқикистон ба кор дар ин ширкат баррасӣ шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург хабар доданд, зимни мулоқот раҳбарияти ширкати "KIT" таъкид доштааст, ки ба пешниҳоди шароити хуб ва ҷолиби кор омода аст.

Дар доираи ҳамкорӣ ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расидаанд, ки ба кори муштарак ва ҳамоҳангсозии фаъолият намояндаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикитсон Беҳрӯз Холиқовро ҷалб мекунанд.

Дар ширкати "KIT" ба “Азия-Плюс” дар бораи шароитҳои кори аз ҷониби онҳо пешниҳодмешуда ва чӣ гуна тамос гирифтан бо онҳо маълумот доданд.

Ба гуфтаи роҳбари департаменти кор бо ҳайати шахсии ширкат Олга Василева, "KIT" ширкати федералии нақлиётӣ мебошад, ки ба ҳамлу нақли бор дар қаламрави Русия ва кишварҳои хориҷи дур, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Арманистон, Ӯзбекистон ва Беларус машғул аст.

Ширкат 257 намояндагиҳои минтақавӣ ва зиёда аз 300 анбор дорад.

Айни замон ба гуфтаи вай, ба ширкат кормандони анбор, боркашон ва ронандагони мошинҳои борбардор лозиманд.

Олга Василева зикр кард, ки имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ширкати онҳо дар шаҳрҳои гуногуни Русия – Екатеринбург, Нижний Новгород, Ижевск, Мурманск, Ростов, Ярославл, Қазон ва Иваново кор мекунанд.

Олга Василева афзалиятҳои зерини корро дар ширкати "KIT" номбар кард:      

– расман бо кор таъмин шудан ва музди меҳнати расмии муносиб;

– кумаки молиявӣ барои ба Русия омадан;

– кумаки молиявӣ дар анҷоми расмиёти гирифтани патент дар қаламрави Русия;

– таъмин бо ҷойи зист;

– омӯзиши навкорон бо асосҳои кор.

Дар мавриди ҳаҷми музди меҳнат Василева изҳор дошт, ки он ба таҷрибаи кор вобаста буда, на камтар аз 45 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Касоне, ки дар ширкати "KIT" кор кардан мехоҳанд, метавонанд ба департаменти кор бо ҳайати шахсӣ ба суроғаи электронии [email protected] муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.