Дар куҷои Душанбе метавон бепул аз Wi-Fi истифода бурд?

Дар шаҳри Душанбе истифода аз интернет тариқи Wi-Fi дар як қатор боғу марказҳои хидматрасонӣ ва инчунин автобусҳо имконпазир аст. «Мегафон Тоҷикистон» Минтақаи «MegaFon Green Wi-Fi» дар Душанбе дар боғҳои «Боғи Рӯдакӣ», «Куруши Кабир», «Кӯли ҷавонон», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Фирдавсӣ» кор мекунад. Ғайр аз ин, дар мавсими гармо Wi-Fi-минтақаи муваққатӣ дар “Кӯли Душанбе” – калонтарин маҷмааи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе истифода аз интернет тариқи Wi-Fi дар як қатор боғу марказҳои хидматрасонӣ ва инчунин автобусҳо имконпазир аст.

«Мегафон Тоҷикистон»

Минтақаи «MegaFon Green Wi-Fi» дар Душанбе дар боғҳои «Боғи Рӯдакӣ», «Куруши Кабир», «Кӯли ҷавонон», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Фирдавсӣ» кор мекунад.

Ғайр аз ин, дар мавсими гармо Wi-Fi-минтақаи муваққатӣ дар “Кӯли Душанбе” – калонтарин маҷмааи фароғатӣ дар об ва дар аквапарки “Делфин” фаъол мешавад.

То ин боғҳо бо автобусҳои №№8, 3, 43, 2, 4 рафтан мумкин аст, ки дар онҳо низ Wi-Fi кор мекунад.

Вариантҳои истифодаи «Green Wi-Fi»-ро худи муштарӣ интихоб мекунад. 10 дақиқа дар ҳар 12 соат дастрасӣ ба шабака бепул аст. Агар ин кам бошад, метавон яке аз се бастаи пулакиро пайваст кард. Муҳлати амали онҳо – 10, 30 ё 60 дақиқа, нарх – мутаносибан 1, 2 ё 3 сомонӣ.

Маҳдудият аз рӯи трафик дар Wi-Fi-минтақаҳои МегаФон пешбинӣ нашудааст.

Мебояд гуфт, ки Wi-Fi аз ширкат пас аз анҷоми расмиёти иҷозатдиҳии ҳатмӣ (авторизатсия) дастрас аст. Ҳангоми ворид шудан ба Интернет, шумо бояд шартҳои қарордоди корбарро қабул кунед, рақам ва рамзи дар SMS гирифташударо ворид кунед. Пас аз ин, шумо метавонед бастаи дилхоҳро интихоб кунед ва ба назар гиред, ки дастрасии ройгон аз тамошои таблиғ (реклама) оғоз мешавад.

Ҳангоми харидани ду ва зиёда бастаҳо, мӯҳлати амали онҳо ҷамъбаст карда мешавад.

Пардохт бо якчанд тарз имконпазир аст: бо ёрии “Ҳамён” (Кошелёк) дар замимаи «МегаФон Life», корти бонкии «Корти милли» ё тариқи терминалҳои «Ҳумо».

«Вавилон-Т»

Ширкат нуқтаҳои бепулро дар боғҳои «Наврӯзгоҳ», «Нишони давлатӣ», «Парчами миллӣ» пешниҳод мекунад. Ҳамчунин ширкат чунин нуқтаҳоро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, маркази савдои «Ашан» ва дар бинои Иттифоқи нависандагон – рӯбарӯи МС “Баракат” (собиқ Путовский) насб кардааст.

Дар ҳар кадоме аз нуқтаҳо ширкат суръати 100 мбит/сония бо вақти номаҳдуд пешниҳод мекунад. Wi-Fi «Вавилон-Т» дар нақлиёт нест.

Барои дастрасӣ ба нуқтаҳои ширкат дар дастгоҳи насби Wi-Fi «Вавилон-Т»-ро интихоб кардан лозим аст. Ба ҷойи рамз (парол) рақами телефони худро ворид намудан зарур аст. Ба он коди дастрасӣ меояд.

Tcell

Дар Душанбе айни замон шумо ба шабакаи Tcell Wi-Fi дар боғҳои: «Ҷавонон», «Куруши Кабир» ва «Умари Хайём» пайваст шуда метавонед. Ғайр аз ин, дастрасӣ ба интернет тариқи Wi-Fi дар 60 автобуси ҷамъиятӣ дар хатсайрҳои №№3, 8 и 18 мавҷуд аст.

Ҳамчунин нуқтаи Wi-Fi-и бепулро метавон дар марказҳои хидматрасонии ширкат дар Рӯдакӣ, 9, Гулистон, Саховат, Садбарг, Донишгоҳи омӯзгорӣ (Пединститут) ва 9-ум километр пайдо кардан мумкин аст.

Дар ин нуқтаҳо ҳамарӯза ба муддати 20 дақиқа метавон аз интернет истифода бурд ва сипас шумо метавонед то охири рӯз (то 23:59) бастаҳои пулакӣ харед.

Дар минтақаи амали Wi-Fi-и шабакаи Tcell шумо метавонед бастаҳо барои дастрасӣ ба интернет барои вақти барои шумо лозимро фаъол кунед:

10 дақиқа бо суръати то 4 Мбит/сония – 1 сомонӣ

30 дақиқа бо суръати то 3 Мбит/сония – 2 сомонӣ

1 соат бо суръати то 2 Мбит/сония – 3 сомонӣ

2 соат бо суръати то 2 Мбит/сония – 5 сомонӣ

ZET-MOBILE

ZET-MOBILE дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе 45 Wi-Fi-роутер насб кардааст, ки мусофиронро бо интернети бепул таъмин мекунанд.

Барои истифода аз Wi-Fi дар автобус онро дар смартфон, планшет ё ноутбуки худ фаъол кардан лозим аст. Дар саҳифаи истиқбол ба корбарон пешниҳод мекунанд, ки барои гирифтани коди дастрасӣ рақами телефони мобилиро ворид намоянд. Ин амал барои муштариёни ҳамаи ширкатҳои мобилӣ дастрас аст.

Ҳар кадоме аз мусофирон се бор ба Wi-Fi пайваст шуда метавонад. Яъне зимни пайваст шудан шумо 20 дақиқа Интернет доред ва бо тамом шудани он, шумо ба таври автоматӣ аз он маҳрум мешавед. Пас аз ин шумо метавонед бори дигар ба муддати 20 дақиқаи дигар пайваст шавед. Дар як нақлиёт метавон дар як рӯз на зиёдтар аз як соат аз интернет истифода бурд.

Wi-Fi ZET-MOBILE дар автобусҳои №№8, 3, 4, 43 дастрас аст.

Дар ширкатҳои мобилии O Mobile ва «Анор» ҳоло чунин нуқтаҳои ҷамъиятии дастрасӣ ба Интернет мавҷуд нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.