Ширкати сохтмони “Сипар Ком” ҳудуди 1,2 млн доллар андозро пардохт накардааст

Asia-Plus

Нисбати директор ва сармуҳосиби ширкати биносози “Сипар Ком” аз рӯи далели саркашӣ аз пардохти андоз ба маблағи 13 млн сомонӣ (ҳудуди 1,2 млн доллар) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

“Сипар Ком” аз соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ месозад. Яке аз лоиҳаҳои маъруфи ин ширкат маҷмааи истиқоматӣ дар кӯчаи Карамов дар қисмати шимолии Душанбе, каме дуртар аз Боғи Ирам ва роҳ ба самти дараи Варзоб мебошад.

Ба иттилои Агентӣ, айбнома ба директори ҶДММ “Сипар Ком” Сатторов А.У. ва сармуҳосиби ширкат Муминов Х.Б. пешниҳод шудааст.

“Аз 1 апрели соли 2021 то 1 апрели соли 2023 онҳо хилофи талаботи Кодекси андоз амал карда, бо мақсади саркашӣ аз пардохти андоз сарчашмаҳои андозбандиро пинҳон мекунанд”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Гуфта мешавад, бо роҳи пешниҳод кардани эъломияҳои носаҳеҳ ба мақомоти андоз онҳо аз пардохти андоз дар маҷмӯъ ба маблағи 8 млн 877 ҳазору 911 сомонӣ саркашӣ кардаанд.

“Бо назардошти ҷаримаву фоизҳо ин маблағ 13 млн 389 ҳазору 927 сомониро ташкил медиҳад,,- зикр мешавад дар хабар. – Бо ин кирдорҳои дидаву дониста онҳо ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расониданд”.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сатторов А.У. ва Муминов Ҳ.Б. бо дастрасии моддаи 292 қисми 2 банди «б» КҶ Тоҷикистон (саркашӣ аз пардохти андоз ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар ин модда ҷарима ба маблағи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...