Боздиди сафири Тоҷикистон аз гӯшаи С.Айнӣ дар китобхонаи Киев

Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода аз Китобхонаи хониши оилавии ба номи Анатолий Димарови шаҳри Киев боздид кард. Тавре ки дар сомонаи сафорат хабар дода мешавад, зимни боздид вохӯрии сафир бо директори китобхона Светлана Батюк доир гардид. Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои гуманитарии Тоҷикистону Украина ибрози андеша намуда, ба ҳаёту […]

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода аз Китобхонаи хониши оилавии ба номи Анатолий Димарови шаҳри Киев боздид кард.

Тавре ки дар сомонаи сафорат хабар дода мешавад, зимни боздид вохӯрии сафир бо директори китобхона Светлана Батюк доир гардид.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои гуманитарии Тоҷикистону Украина ибрози андеша намуда, ба ҳаёту эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Дар Китобхона бахшида ба ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ гӯшаи махсус таъсис дода шуда, дар он аксари асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун ҷамъоварӣ гардидаанд, нимпайкараи Садриддин Айнӣ ва гилемчаи дастбофте бо акси ӯ гӯшаро зеб медиҳанд.

Дар ҷараёни боздид Назризода ва Батюк ба мувофиқа расиданд, ки сафорати Тоҷикистон дар Украина барои таъмини гӯшаи Садриддин Айнӣ бо китобҳо ва маводи иловагии зарурӣ ҳамаҷониба кумак расонида, инчунин чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ баргузор хоҳанд кард.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Украина 24 апрели соли 1992 роҳандозӣ шуданд. Вазифаҳои сафорати Тоҷикистон дар Украинаро намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия иҷро мекард. Сафорати ҷумҳурӣ дар Киев моҳи октябри соли 2008 боз шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.