Раиси шаҳри Бохтар: “Марказҳои дилхушӣ бояд дар доираи одобу ахлоқ фаъолият кунанд”

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Абдумаҷид Муминзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон гуфт, ки зиддӣ фаъолияти марказҳои дилхушӣ мебошад.

Ӯ ин нуктаро имрӯз, 9-уми феврали соли 2024, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

“Ҳамагон медонем, ки дар тамоми кишварҳои дунё марказҳои дилхушӣ фаъолият мекунанд, лекин бо як низоми муайян ва тартибе, ки назорат мешаванд. Марказҳои дилхушӣ дар мо ба ягон меъёр ҷавобгӯ нестанд. Онҳо бояд дар доираи қонун ва ахлоқу одоб фаъолият кунанд”, – гуфт Абдумаҷид Муминзода.

Ӯ бо ишора ба интиқоди тунди раиси ҷумҳур аз фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Хатлон дар ҷаласаи ахири Шӯрои амнияти кишвар, зикр кард, ки ҳамакнун роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иваз шуданд ва акнун дар ҳамбастагӣ бо онҳо фаъолияти марказҳои дилхушии шаҳрро баррасию таҳлил мекунад.

“Онҳо бояд ба талабот ҷавобгӯ ва идорашаванда бошанд”, – таъкид кард Абдумаҷид Муминзода.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар шаҳри Бохтар тақрибан 20 маркази дилхушӣ фаъолият мекунад ва муштариёни он кам нестанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...