Раиси шаҳри Бохтар: “Марказҳои дилхушӣ бояд дар доираи одобу ахлоқ фаъолият кунанд”

Абдумаҷид Муминзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон гуфт, ки зиддӣ фаъолияти марказҳои дилхушӣ мебошад. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 9-уми феврали соли 2024, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. “Ҳамагон медонем, ки дар тамоми кишварҳои дунё марказҳои дилхушӣ фаъолият мекунанд, лекин бо як низоми муайян ва тартибе, ки назорат мешаванд. Марказҳои дилхушӣ дар мо ба […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Абдумаҷид Муминзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон гуфт, ки зиддӣ фаъолияти марказҳои дилхушӣ мебошад.

Ӯ ин нуктаро имрӯз, 9-уми феврали соли 2024, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

“Ҳамагон медонем, ки дар тамоми кишварҳои дунё марказҳои дилхушӣ фаъолият мекунанд, лекин бо як низоми муайян ва тартибе, ки назорат мешаванд. Марказҳои дилхушӣ дар мо ба ягон меъёр ҷавобгӯ нестанд. Онҳо бояд дар доираи қонун ва ахлоқу одоб фаъолият кунанд”, – гуфт Абдумаҷид Муминзода.

Ӯ бо ишора ба интиқоди тунди раиси ҷумҳур аз фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Хатлон дар ҷаласаи ахири Шӯрои амнияти кишвар, зикр кард, ки ҳамакнун роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иваз шуданд ва акнун дар ҳамбастагӣ бо онҳо фаъолияти марказҳои дилхушии шаҳрро баррасию таҳлил мекунад.

“Онҳо бояд ба талабот ҷавобгӯ ва идорашаванда бошанд”, – таъкид кард Абдумаҷид Муминзода.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар шаҳри Бохтар тақрибан 20 маркази дилхушӣ фаъолият мекунад ва муштариёни он кам нестанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио