Сафияхон Раҳматова, духтараки дар шаҳри Хуҷанд гумшударо 7 ғаввос дар дарёи Сир мекобанд

Сафияхон Раҳматова, хонандаи синфи 3-и гимназияи 1-и шаҳри Хуҷанд, ки ду рӯз пеш, 7-уми феврали соли 2023, бедарак шуда буд, аз ҷониби 7 ғаввоси Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр дар дарёи Сир ҷустуҷӯ мешавад. Барои пайдо кардани ӯ, гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд ҳам кӯмак хостаанд. Дар охирин наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Сафияхон Раҳматова, хонандаи синфи 3-и гимназияи 1-и шаҳри Хуҷанд, ки ду рӯз пеш, 7-уми феврали соли 2023, бедарак шуда буд, аз ҷониби 7 ғаввоси Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр дар дарёи Сир ҷустуҷӯ мешавад. Барои пайдо кардани ӯ, гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд ҳам кӯмак хостаанд.

Дар охирин наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, дида мешавад, ки духтараке дар соҳили дарёи Сир (назди Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ) гаштугузор дорад. Дар шарҳи навор зикр мешавад, ки ин духтарак Сафияхон Раҳматова аст.

Волидони Сафияхон баъди бедарак шудани фарзандашон рӯзи 7-уми феврал ба Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардаанд.

Мирзораҳим Абдуллоев, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Хуҷанд дирӯз, 8-уми феврал, гуфт, ки Сафияхон Раҳматоваро 7 ғаввос ҷустуҷӯ доранд.

Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам эълон дар бораи кӯмак барои пайдо кардани Сафияхон Раҳматова интишор гардид. Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд дархост карданд, ки пагоҳ, 10-уми феврал, дар назди Қасри ҷавонон ҷамъ оянд ва барои пайдо кардани Сафияхон Раҳматова кӯмак кунанд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи гум шудани кӯдакон дар вилояти Суғд дар соли 2024 мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио