Таҳсил дар мактаб 12-сола ва қабул ба синфи 1 аз 6-солагӣ мешавад

Таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон то соли 2030-юм 12-сола мешавад ва қабул ба синфи 1-ум аз 6-солагӣ оғоз меёбад. Дар ин бора Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мусоҳиба бо нашрияи “Омӯзгор” иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, бо назардошти талаботи Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳсилот дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон то соли 2030-юм 12-сола мешавад ва қабул ба синфи 1-ум аз 6-солагӣ оғоз меёбад. Дар ин бора Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мусоҳиба бо нашрияи “Омӯзгор” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, бо назардошти талаботи Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳсилот дар макотиби кишвар 10-солаи асосӣ ва 12-солаи миёнаи умумӣ мешавад. То ба ҳол таҳсилоти асосӣ 9-сола, яъне ҳатмӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 11-сола, яъне ихтиёрӣ, аст.

“Қабули хонандагон ба синфи як аз 6-солагӣ пешбинӣ гардидааст”, – гуфтааст Абдулзода.

Муовини вазири маориф ва илм афзудааст, дар асоси барномаи давлатии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030 ба таълими ин ду забон бештар таваҷҷӯҳ равона карда мешавад.

Ӯ гуфтааст, дар доираи татбиқи барномаи мазкур таълими забони русӣ аз синфи 2 ва таълими забони англисӣ аз синфи 3 оғоз мешавад. Дар мактабҳои ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар асоси дархости падару модарон ва густариши муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо Русия ва хориҷи дур барои таълими ин забонҳо аз синфи 1 иҷозат дода шудааст.

“Дар қисмати иловагии нақшаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 4 то 8 соат пешбинӣ гардида, қисми зиёди онҳо ба тақвияти таълими забонҳои русӣ ва англисӣ истифода карда мешаванд”, – афзудааст Зиёдулло Абдулзода.

Бояд гуфт, ки гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола дар макотиби кишвар чандин сол аст мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ва ин аз камтарин ҳолатҳое, ки муовини вазири маориф ҷузъиёти ин тасмимро то андозае ошкор карда, муҳлати татбиқи онро зикр мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.