Таҷдиди қитъаи бештар душворгузари роҳи Душанбе – Қулма то охири ҳамин сол анҷом меёбад

Анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Қалаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон, ки як қисмате аз долони мултимодалии байниминтақавӣ мешавад, то охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотии рӯзи 8 феврал дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки ин қитъаи роҳи Душанбе – Қулма қисмате аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Қалаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон, ки як қисмате аз долони мултимодалии байниминтақавӣ мешавад, то охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотии рӯзи 8 феврал дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки ин қитъаи роҳи Душанбе – Қулма қисмате аз долони байниминтақавӣ буда, Чину Тоҷикистонро бо Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Туркия пайваст мекунад.

Ба гуфтаи вазир, масфоаи ин роҳ ба воситаи сохтмони ду нақб, долони зиддитармавӣ (галерея) ва пулҳо 16 км – аз 109 км то 93 км кӯтоҳ мешавад.

Зикр шуд, ки айни замон оид ба таъмиру навсозии қисмати боқимондаи роҳи мошингарди Душанбе – Қулма дар қаламрави ВМКБ (аз дарвозаи ноҳияи Рӯшон то сарҳади Чин) корҳои пешакӣ роҳандозӣ шудааст.

Азим Иброҳим таъкид дошт, ки корҳои лоиҳакашии қитъаи 235-километраи ин роҳ дар арафаи анҷомёбӣ буда, бо ҳукумати Чин доир ба маблағгузорӣ ба қитъаи масофааш 300 км тавофуқ ҳосил шудааст.

Ӯ илова намуд, ки роҳ аз маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз то Душанбе ва минбаъд сарҳади Ӯзбекистон аллакай таъмиру навсозӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон қитъаи бештар душворгузари роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ – Қулма маҳсуб меёбад. Барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии он ҳукумати Чин дар ҳаҷми 230 млн доллар грант ҷудо кард.

Ба корҳои асосии таъмиру навсозии ин қитъа ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин машғул аст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе машварати якуми Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодаии Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия (ТӮТЭТ) + Чин доир гардид. Ин гурӯҳ бо тавсияи “Эъломияи Анқара” таъсис дода шуд, ки дар машварати 11-уми вазирони нақлиёти Созмони ҳамкории иқтисодӣ 2 феврали соли 2022 қабул шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио