Муҳлати бозхариди саҳмияҳои ҶСШК “Сангтӯда” бори навбатӣ тамдид шуд

Муҳлати қабул ва пардохти саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушод (ҶСШК)-и барҳамдодашудаи “Сангтӯда” то охири соли равон дароз карда шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз БДА ҶТ “Амонатонк”. Дар бонк зикр карданд, ки то аввали соли ҷорӣ ба маблағи ҳудуди 2,4 млн сомонӣ ҷунин коғазҳои қиматнок қабул ва пардохт шудаанд. “Ҷараёни хариди саҳмияҳо идома дорад ва […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Муҳлати қабул ва пардохти саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушод (ҶСШК)-и барҳамдодашудаи “Сангтӯда” то охири соли равон дароз карда шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз БДА ҶТ “Амонатонк”.

Дар бонк зикр карданд, ки то аввали соли ҷорӣ ба маблағи ҳудуди 2,4 млн сомонӣ ҷунин коғазҳои қиматнок қабул ва пардохт шудаанд.

“Ҷараёни хариди саҳмияҳо идома дорад ва дорандагони саҳмияҳои ҶСШК “Сангтӯда” метавонанд ба филиали наздиктарини “Амонатбонк” муроҷиат кунанд”, – илова карданд дар ин муассисаи қарзии мазкур.

Ёдрас мекунем, ки бозхариди саҳмияҳои ҷамъияти барҳамдодашудаи “Сангтӯда” бар асоси қарори ҳукумати кишвар аз 29 декабри соли 2018 амалӣ мешавад.

Бозхариди саҳмияҳои ин Ҷамъият 13 майи соли 2019 оғоз гардид. Муҳлати он аввал то охири соли 2021 муқаррар шуда, минбаъд ҳамасола муҳлати он дароз карда мешуд.

Қаблан зикр гардида буд, ки саҳмияҳо дар филиалҳои “Амонатбонк” қабул шуда, барои 1 аксия 10 доллар пардохт мешавад. Пул бо асъори миллӣ ва мубодилаи он бо қурби ҳамон рӯз дода мешавад.

Бо ин мақсад аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ 10 млн сомонӣ ҷудо шудааст.

ҶСШК “Сангтӯда” аз ҷониби ҳукумат соли 1996 таъсис дода шуд. Ҳамон сол ду барориши саҳмияҳои ин ҷамъият сурат гирифт. Нархи як саҳмия дар замони барориш ба 3 ҳазор рубли тоҷикӣ (10 доллар) баробар буд.

Пулҳои аз фурӯши саҳмияҳо ҷамъшуда дар суратҳисоби махсуси “Амонатбонк” минбаъд барои амалисозии лоиҳаи Тоҷикистону Русия оид ба сохтмони “НБО Сангтӯда-1” ба сифати саҳми ҳукумати Тоҷикистон равона гардиданд.

Ба дорандагони саҳмияҳо пас аз мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали “НБО Сангтӯда-1” фоида аз саҳмияҳо (дивидендҳо) ваъда карда буданд. Лекин ба дорандагони чунин коғазҳои қиматбаҳо фоида пардохт нашуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.