Номи 4378 нафар дар “Рӯйхати сиёҳ”-и Хадамоти иҷро

Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хуруҷи 4378 қарздор аз кишвар, номи онҳоро дар “Рӯйхати сиёҳ” ворид кардааст. Дар ин бора Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷро зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба қавли Барно Саидвализода, танҳо дар соли 2023 ба ин рӯйхат номи 1573 шахсони воқеӣ ва 54 шахсони ҳуқуқӣ илова шудааст. […]

Исматуллоҳи Абдуллоҳ, Asia-Plus

Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хуруҷи 4378 қарздор аз кишвар, номи онҳоро дар “Рӯйхати сиёҳ” ворид кардааст.

Дар ин бора Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷро зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба қавли Барно Саидвализода, танҳо дар соли 2023 ба ин рӯйхат номи 1573 шахсони воқеӣ ва 54 шахсони ҳуқуқӣ илова шудааст.

“Дар соли 2023 – 1809 нафар қарздорон (20222 – 800) сарҳадҳои кишварро убур карда натавониста, маблағҳои бо ҳуҷҷатҳои иҷро таъингардидаро ба андозаи 17 млн 900 ҳазор сомонӣ (2022 – 6 млн. 200 ҳазор сомонӣ) пардохт намуданд, ки назар ба соли 2022 ба  маблағи 11 млн 700 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад”, – гуфт Барно Саидвализода.

Бояд гуфт, ба ин рӯйхат номи онҳое ворид карда мешавад, ки ё аз пардохти алимент саркашӣ кардаанд ё қарзашон аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024 ба 72 сомонӣ баробар аст) бештар аст.

Онҳое, ки номашон ба ин рӯйхати Хадамоти иҷро ворид мешавад, наметавонанд хоки кишварро тарк кунанд. Ин маҳдудият муваққатӣ буда, дар ҳолати пардохти қарз, бекор карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.