Барканории муовини Бег Сабур ва таъини сардорони нав дар раёсатҳои КДАМ

Илҷомҷон Атоев, муовини Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва чанде аз муовинони раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Комисияи олии атестатсионӣ ё ВАК ва Маркази тадқиқоти стратегии (МТС) аз вазифа озод шудаанд. Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳамаи онҳо “бо сабаби гузаштан ба кори дигар” аз мансаб озод шудаанд. Аз […]

Asia-Plus

Илҷомҷон Атоев, муовини Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва чанде аз муовинони раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Комисияи олии атестатсионӣ ё ВАК ва Маркази тадқиқоти стратегии (МТС) аз вазифа озод шудаанд.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳамаи онҳо “бо сабаби гузаштан ба кори дигар” аз мансаб озод шудаанд.

Аз ҷумла,

– Ҷалолиддин Пириев аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон;

– Дилшод Иброҳимзода аз вазифаи муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди президент;

– Парвиз Муҳаммадзода аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президент

аз вазифа озод шудаанд.

Бо фармони дигари Мумин Шарифзода, ки ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буд, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди президент таъин шудааст.

Маълум нест, ки ба ҷои муовинони озодшуда киҳо таъин шудаанд.

Ҳамчунин, додраси Додгоҳи ноҳияи Балҷувон Фирӯз Қодирӣ “бо хоҳиши худаш” аз вазифа озод карда шудааст.

Хадамоти президент хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон сардорони раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро аз вазифа озод ва баҷ ои онҳо “кадрҳоеро, ки аз ҳисоби ҷавонон…” таъин кардааст.

Ӯ ҳамчунин, онҳоро ба ҳузур пазируфта, “ҷиҳати такмили сатҳи забондонӣ, иҷрои вазифаҳои хизматӣ, таъмини амнияту субот ва волоияти қонун дар мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас” додааст.

Исми онҳое ки сардорои раёсати КДАМ таъин гардиданд, ифшо намешавад.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон  аз фаъолияти мақомоти қудратии вилояти Хатлон сахт интиқод карда, гуфта буд, ки роҳбарони мақомоти қудратӣ,аз ҷумла мақомоти амнияти миллӣ дар вилоят ва чанде аз роҳбарони раёстаҳои онҳо дар дастгоҳи марказӣ аз вазифа озод шаванд.

Баъди ин мавҷи аз мансаб озод кардани роҳбарони мақомоти қудратии вилоят ва чанде аз роҳбарони дастгоҳи марказии ин ниҳодҳо озод шуда, ба ҷои онҳо нафарони дигар таъин шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.