Пас аз Ҷоми Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА чанд зина боло меравад?

Мунтахаби футболи Тоҷикистон пас аз иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар Давҳаи Қатар бори нахуст дар таърих ба сафи 100 даста (ТОП-100)-и аввали радабандӣ (рейтинг)-и Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) шомил шуд. Дар радабандии нави ФИФА Тоҷикистон зинаи 99-умро ишғол мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон 1220,68 балл дошта, 7 зина боло рафтааст. Қаблан зинаи беҳтарини ишғолкардаи Тоҷикистон […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Мунтахаби футболи Тоҷикистон пас аз иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар Давҳаи Қатар бори нахуст дар таърих ба сафи 100 даста (ТОП-100)-и аввали радабандӣ (рейтинг)-и Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) шомил шуд.

Дар радабандии нави ФИФА Тоҷикистон зинаи 99-умро ишғол мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон 1220,68 балл дошта, 7 зина боло рафтааст. Қаблан зинаи беҳтарини ишғолкардаи Тоҷикистон 106-ум буд.

Байни кишварҳои қораи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 16-ум қарор гирифт. Айни замон то эълони радабандии нави ФИФА мунтахаби Тоҷикистон бо касби 1195,07 балл зинаи 106-умро ишғол мекунад. Радабандии навшудаи ФИФА 15 феврал ба нашр мерасад.

Ёдрас мекунем, ки натиҷаи беҳтарини мунтахаби футболи Тоҷикистон зинаи 106-ум дар моҳи июли соли 2013 буд, ки дар он сол даста 40 зина боло рафта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.