Таҷдиди қитъаи бештар душворгузари роҳи Душанбе – Қулма то охири ҳамин сол анҷом меёбад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Қалаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон, ки як қисмате аз долони мултимодалии байниминтақавӣ мешавад, то охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотии рӯзи 8 феврал дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки ин қитъаи роҳи Душанбе – Қулма қисмате аз долони байниминтақавӣ буда, Чину Тоҷикистонро бо Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Туркия пайваст мекунад.

Ба гуфтаи вазир, масфоаи ин роҳ ба воситаи сохтмони ду нақб, долони зиддитармавӣ (галерея) ва пулҳо 16 км – аз 109 км то 93 км кӯтоҳ мешавад.

Зикр шуд, ки айни замон оид ба таъмиру навсозии қисмати боқимондаи роҳи мошингарди Душанбе – Қулма дар қаламрави ВМКБ (аз дарвозаи ноҳияи Рӯшон то сарҳади Чин) корҳои пешакӣ роҳандозӣ шудааст.

Азим Иброҳим таъкид дошт, ки корҳои лоиҳакашии қитъаи 235-километраи ин роҳ дар арафаи анҷомёбӣ буда, бо ҳукумати Чин доир ба маблағгузорӣ ба қитъаи масофааш 300 км тавофуқ ҳосил шудааст.

Ӯ илова намуд, ки роҳ аз маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз то Душанбе ва минбаъд сарҳади Ӯзбекистон аллакай таъмиру навсозӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон қитъаи бештар душворгузари роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ – Қулма маҳсуб меёбад. Барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии он ҳукумати Чин дар ҳаҷми 230 млн доллар грант ҷудо кард.

Ба корҳои асосии таъмиру навсозии ин қитъа ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин машғул аст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе машварати якуми Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодаии Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия (ТӮТЭТ) + Чин доир гардид. Ин гурӯҳ бо тавсияи “Эъломияи Анқара” таъсис дода шуд, ки дар машварати 11-уми вазирони нақлиёти Созмони ҳамкории иқтисодӣ 2 феврали соли 2022 қабул шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...