Соли гузашта 21,5 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардаанд

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон соли гузашта 21,5 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардаанд, ки аз ин 20,5 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ва 982 шахси ҳуқуқӣ мебошанд. Дар ин бора Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ дар посух ба суоли “Азия-Плюс” гуфт, соли гузашта 33,1 ҳазор соҳибкори нав ба қайд гирифта шудааст. Вай ин рақамро дар муқоиса ба шумораи онҳое, ки фаъолияташонро қатъ карданд, “раванди хуб” арзёбӣ кард.

Султон Раҳимзода сабаби қатъи фаъолияти соҳибкоронро объективӣ гуфт.

“Як қисмат аз ҳисоби фаъолият накардан, аз рӯйхат берун карда шуда, қисми зиёди дигари аз як намуди фаъолият ба намуди дигари фаъолият гузаштанд”, – шарҳ дод раиси Кумита.

Саъдӣ Қодирзода, раиси пешини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли гузашта гуфта буд, ки дар соли 2022 дар кишвар 28 ҳазору 331 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ карда, ҳудуди 1000 корхона барҳам хӯрдааст. Теъдоди соҳибкороне, ки фаъолияти худро қатъ кардаанд, нисбат ба 1-уми январи соли 2021-ум қариб 800 ва корхонаҳои барҳамхӯрда 100 адад зиёд буд.

Раиси пешин ҳам гуфта буд, ки аксари соҳибкорон аз як намуди фаъолият ба фаъолияти дигар, аз ҷумла аз патент ва шахси ҳуқуқӣ гузаштанд, ки ин ҳам ба омори барҳамхӯрии соҳибкорон шомил мешавад.

Номбурда гуфт, ки аксари соҳибкорон аз надонистани ин ё он қонунгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, надоштани маърифати молиявӣ, вақте корхонаро ба қайд мегиранд, корро сар накарда, муфлис мешаванд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 350,2 ҳазор адад субъектҳои хоҷагидор фаъолият мекунад, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 10 138 адад ва ё 2,9 фоиз зиёд мебошад.

Баҳси барҳамхӯрии соҳибкорон дар Тоҷикистон солҳост, ки доғ аст. Мақомот мегӯянд, барои онҳо ҳамаи заминаҳо барои фаъолият муҳайё аст, вале худи соҳибкорон мегӯянд, маҳз меъёри баланди андоз ва санҷишҳои беасоси мақомоти назоратӣ онҳоро маҷбур мекунад, ки фаъолиташонро қатъ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...