Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Эрон

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Эрон, ки 12-уми феврал ифтитоҳ шуда, 3 рӯз идома мекунад, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро ҳайате таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар Зиёдулло Салимзода муаррифӣ мекунад. Дар гӯшаи сайёҳии кишвар, ки дар ин намоишгоҳ ташкил шудааст, имконияту зарфиятҳои сайёҳии кишвар, аз ҷумла намудҳои сайёҳӣ ва хатсайрҳои сайёҳии гуногун муаррифӣ […]

Лайлӣ Назарзода, Asia-Plus

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Эрон, ки 12-уми феврал ифтитоҳ шуда, 3 рӯз идома мекунад, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро ҳайате таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар Зиёдулло Салимзода муаррифӣ мекунад.

Дар гӯшаи сайёҳии кишвар, ки дар ин намоишгоҳ ташкил шудааст, имконияту зарфиятҳои сайёҳии кишвар, аз ҷумла намудҳои сайёҳӣ ва хатсайрҳои сайёҳии гуногун муаррифӣ гардидааст.

Бояд қайд кард, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ 18-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар рушти соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар талош мекунанд.

Аз ҷумла, ҳар ду давлат тасмим гирифтанд, ки раводидро барои шаҳрвандони худ барои як моҳи будубош бекор кунанд. Қарори бекор кардани раводид аз ҷониби ҳукуматҳои ду кишвар қабул шуда, дар марҳилаи тасвиб аз ҷониби парлумони ду кишвар қарор дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.