Дархости рӯзноманигорони зиндонӣ аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Рӯзноманигорон ва блогерони зиндонии тоҷик дар мулоқот бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистон танҳо як дархост кардаанд ва он ҳам бозбинии парвандаашон будааст.

Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, ки шахсан бо рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик – Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ, дар зиндони маъруф ба “1-ум Совесткий” мулоқот ва ҳудуди 1 соат суҳбат кардаст.

Умед Бобозода гуфт, ки рӯзноманигорон ва блогерон аз вазъи нигоҳдорӣ шикоят накардаанд ва танҳо як дархост намуданд, ки ба бозбинии парвандаашон рабт дошт.

“Мо ин дархости онҳоро гирифтем ва ба ниҳодҳои масъул оид ба бозбинии парвандаи онҳо дархости расмӣ равон кардем. Вале то ба ҳол посухи ин дархост наомадааст. Мо пайгирӣ мекунем”, – изҳор дошт Умед Бобозода.

Ӯ гуфт, дар умум, соли гузашта, яъне соли 2023, бо рӯзноманигорону блогерони зиндонии тоҷик 4 маротиба мулоқот ва суҳбат кардааст. Аммо тафсилоти боздидҳои дигарашро ироа накард.

Ёдовар мешавем, ки дар ду соли охир чандин рӯзноманигор ва блогери тоҷик боздошт ва ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

Нахуст, Далери Имомалӣ, ки вақтҳои охир барои “Ютуб-канал”-аш дар мавзӯъҳои ҳасоси иҷтимоӣ барномаҳо нашр мекард, боздошт ва ба соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259 қисми 2), дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ (моддаи 346 қисми 2) ва иштирок дар иттиҳоди экстримистӣ (моддаи 307 қисми 2 банди 3)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар ва 10 сол равонаи зиндон ва 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Дар пайи боздошти Далери Имомалӣ, ҳамкасб ва ҳамкори ӯ Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам боздошт ва бар зиддиаш бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз гардид. Ӯ ба ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ муттаҳам дониста шуд ва 7,5 сол равонаи зиндон гардид.

Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони дигари тоҷик низ барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар  ва бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндон шуд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, бо моддаи 307, иловаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) муттаҳам ва бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 7 сол равонаи зиндон шуд.

Хуршед Фозилов, рӯзноманигори дигари тоҷик бошад, бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ  7 сол равонаи зиндон шудааст.

Муҳокимаи парвандаи ҳамаи онҳо пушти дарҳои баста ва бе ҳузури наздикону пайвандон ва рӯзноманигорон дар СИЗО баргузор шуд.

Худи рӯзноманигорон иттиҳоми эълоншударо рад кардаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ пайваста боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...