Рӯзҳои истироҳат обуҳаво якбора тағйир мееёбад

Рӯзҳои истироҳати ҳамин ҳафта обуҳавои софу беғубор дар Тоҷикистон тағйир ёфта, аз рӯзи шанбе боридани борон оғоз мегардад ва минбаъд ба барфи тар мегузарад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Аз ҷумла, рӯзҳои 17-18 феврал дар Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Ҳарорат начандон тағйир меёбад:  шабона 6-8 ва рӯзона то 10 дараҷа […]

Рӯзҳои истироҳати ҳамин ҳафта обуҳавои софу беғубор дар Тоҷикистон тағйир ёфта, аз рӯзи шанбе боридани борон оғоз мегардад ва минбаъд ба барфи тар мегузарад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Аз ҷумла, рӯзҳои 17-18 феврал дар Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Ҳарорат начандон тағйир меёбад:  шабона 6-8 ва рӯзона то 10 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ боридани борону барфи тар, баъзан пуршиддат пешбинӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1 дараҷа хунук ва рӯзона то 4 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, барф меборад, баъзан пуршиддат. Ҳарорат дар водиҳо шабона ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон борон борида, ҳарорат дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо – шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона – 6-11 дараҷа гарм дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боришот (борону барф) дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона – 6-11 дараҷа гарм; дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки рӯзҳои 14 то 15 феврал бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат тариқи роҳҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво, гузаронидани корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣдар ҷойҳои хавфнок худдорӣ кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.