Пешниҳоди ташхиси тиббии ҳатмии муҳоҷирон баъди бозгашт ба ватан

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Бахтиёр Шарифӣ, раиси ноҳияи Ёвон, имрӯз, 14-уми феврали соли 2024, зимни нишасти матбуотӣ, пешниҳод кард, ки муҳоҷирон баъди бозгашт аз муҳоҷират ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Ба андешаи Бахтиёр Шарифӣ, ин яке аз роҳҳои пешгирӣ аз олудагӣ ва паҳншавии бемории ВНМО мебошад.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани теъдоди гирифторони бемории ВНМО муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Муҳоҷирон аз хориҷ бармегарданд, аммо аз муоинаи тиббӣ намегузаранд. Вақте занашон ҳомиладор мешаванду аз муоинаи тиббӣ мегузаранд, маълум мешавад, ки олудаи ВНМО шудаанд. Ва манбаи олудагӣ шавҳар будааст”, – гуфт раиси ноҳияи Ёвон.

Ҳамчунин Бахтиёр Шарифӣ пешниҳод кард, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ низ нуқтаҳои муоинаи тиббӣ ташкил карда шавад.

Ба иттилои Бахтиёр Шарифӣ айни ҳол дар ноҳияи Ёвон 315 нафар гирифторони ВНМО сабт шудаанд. Танҳо соли 2023 дар ин ноҳия 23 нафар ба ин беморӣ олудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...