Пешниҳоди ташхиси тиббии ҳатмии муҳоҷирон баъди бозгашт ба ватан

Бахтиёр Шарифӣ, раиси ноҳияи Ёвон, имрӯз, 14-уми феврали соли 2024, зимни нишасти матбуотӣ, пешниҳод кард, ки муҳоҷирон баъди бозгашт аз муҳоҷират ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Ба андешаи Бахтиёр Шарифӣ, ин яке аз роҳҳои пешгирӣ аз олудагӣ ва паҳншавии бемории ВНМО мебошад. “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани теъдоди гирифторони бемории […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Бахтиёр Шарифӣ, раиси ноҳияи Ёвон, имрӯз, 14-уми феврали соли 2024, зимни нишасти матбуотӣ, пешниҳод кард, ки муҳоҷирон баъди бозгашт аз муҳоҷират ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Ба андешаи Бахтиёр Шарифӣ, ин яке аз роҳҳои пешгирӣ аз олудагӣ ва паҳншавии бемории ВНМО мебошад.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани теъдоди гирифторони бемории ВНМО муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Муҳоҷирон аз хориҷ бармегарданд, аммо аз муоинаи тиббӣ намегузаранд. Вақте занашон ҳомиладор мешаванду аз муоинаи тиббӣ мегузаранд, маълум мешавад, ки олудаи ВНМО шудаанд. Ва манбаи олудагӣ шавҳар будааст”, – гуфт раиси ноҳияи Ёвон.

Ҳамчунин Бахтиёр Шарифӣ пешниҳод кард, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ низ нуқтаҳои муоинаи тиббӣ ташкил карда шавад.

Ба иттилои Бахтиёр Шарифӣ айни ҳол дар ноҳияи Ёвон 315 нафар гирифторони ВНМО сабт шудаанд. Танҳо соли 2023 дар ин ноҳия 23 нафар ба ин беморӣ олудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.