Полковники 41-сола. Сардори нави “УБОП” кист?

Asia-Plus

Чанде пеш, генерал Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (УБОП) ҳамроҳи беш аз 20 сардори раёсати дигари ВКД аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ полковник Саидаҳтам Ҳотамзодаи 41-сола, ки то ин дам сардори яке аз марказҳои ин раёсат буд, таъин шуд.

Ин раёсат яке аз ниҳодҳои калидии ВКД аст ва дар гузашта дар робита ба фаъолияти ин ниҳод сару садоҳо зиёд буд.

Ҳамчунин, Шодӣ Ҳафиззодаи 43-сола, ки аз соли 2017 дар ин мақом кор мекард, яке аз афроди наздик ба вазири корҳои дохилӣ гуфта мешуд ва атрофи ӯ ва раёсати зери раҳбарияш дар робита ба боздошту ҳабси шаҳрвандон гуфтугузорҳо зиёд буд.

Сабаби барканории Шодӣ Ҳафиззода шарҳ дода намешавад ва ҳамин тариқ, то ҳол маълум нест, ки ӯ ба чӣ мансабе таъин шудааст.

Дар бораи сардори нави “УБОП” маълумоти кам дастрас аст.

Ӯ 41 сол дорад ва полковники милитсия мебошад. Маълумоташ олии ҳуқуқӣ буда, соли 2005 Академияи ВКД Тоҷикистонро бо ихтисоси “ҳуқуқшинос” хатм кардааст. Аммо дар мақомоти корҳои дохилии кишвар аз соли 2001 ин тараф кор мекунад.

Тавре аз тарҷумаи ҳолаш, ки сомонаи ВКД нашр кардааст, бармеояд, Саидаҳтам Ҳотамзода аз вазифаи ваколатдори шуъбача то сардори раёсати калидии ВКД расидааст. Вале солҳое ки ӯ дар мақомҳои гуногун кор кардааст, оварда намешавад.

Вай фаъолияташро аз ваколатдори оперативӣ оиди кор бо ноболиғони гурӯҳи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД дар ноҳияи Шоҳмансур оғоз карда, баъдан ҳамчун ваколатдори оперативӣ оид ба кушодани ҷиноятҳои вазнин байни ҷавонони шуъбачаи ШКД дар ин ноҳия кор кардааст.

Баъдан, ба ШКД дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт мегузарад ва ба ҳайси ваколатдори калони оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноӣ ва сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноӣ дар ин ноҳия кор мекунад.

Ӯ таҷрибаи кор дар Раёстаи корҳои дохилии шаҳри Душанберо низ дорад. Ҳамагӣ як сол ба ҳайси  муовини сардор – сардори шуъбача оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи кофтукови ҷиноии ин раёсат кор карда, баъдан ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ба кор меояд ва то ба сардории ин раёсат мерасад.

Вазифаи нахустини ӯ дар ин ниҳод, сардори шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор буд. Баъдан, муовини сардори марказ-сардори шуъбаи пешгирӣ ва барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаи Маркази муқобилиятсозӣ бар зидди экстремизми ин раёсат таъин мешавад.

Дертар сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳристон таъин мешавад ва баъди як муддат, дубора ба раёсате ки ҳоло роҳбар аст, ба ҳайси муовини сардори раёсат – сардори Маркази муқобилиятсозӣ бар зидди экстремизм бармегардад.

Ҳамин тариқ, аз муовини сардор дар моҳи феврали соли 2024 сардори ин раёсат таъин мегардад.

ВКД менависад, ки Саидаҳтам Ҳотамзода, “зимни фаъолияти хизматӣ барои дастовардҳои назарраси хизматӣ, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, саҳми арзанда гузоштан дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорномаю сипосномаҳои ВКД мукофотонида шудааст”.

Ӯ соли 2019 Ифтихорномаи Президенти Тоҷикистонро гирифтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...