Баъди санҷиши Палатаи ҳисоб 2 нафар равонаи зиндон шудаанд

Дар пайи санҷиши Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли 2023 ду нафар равонаи зиндон шуда, парвандаи як нафари дигар дар баррасӣ қарор доштааст. Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2023 бо пешниҳоди Палатаи ҳисоб барои қонунвайронкунии молиявӣ нисбати 3 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ду нафар равонаи зиндон […]

Исматуллоҳи Абдуллоҳ, Asia-Plus

Дар пайи санҷиши Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли 2023 ду нафар равонаи зиндон шуда, парвандаи як нафари дигар дар баррасӣ қарор доштааст.

Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2023 бо пешниҳоди Палатаи ҳисоб барои қонунвайронкунии молиявӣ нисбати 3 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ду нафар равонаи зиндон шуданд ва парвандаи як нафари дигар дар баррасӣ қарор дорад.

“Як масъули барқи ноҳияи Лахш ба муҳлати 13 сол ва як корманди филиали Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Нуробод ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон шуданд. Парвандаи Собиров У., як корманди ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мавриди баррасӣ қарор дорад”, – гуфт Қарахон Чиллазода.

Маҳмурод Маҳмадализода, сараудитори Палати ҳисоб илова кард, ки соли 2023 дар сатҳи ҷумҳурӣ ягон нафар ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

Тибқи иттилои Палатаи ҳисоб, соли 2023 зимни гузаронидани чорабиниҳои аудитӣ дар Вазорати рушди иқтисод, Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, Вазорати фарҳанг қонунвайронкунии молиявӣ ба маблағи 63 млн сомонӣ ошкор гардида, ин маблағ ба буҷет баргардонида шудааст.

Дар умум бошад, соли 2023 дар пайи санҷишҳои Палатаи ҳисоб дар ниҳодҳои давлатии кишвар қонуншикании молиявӣ ба маблағи 405,6 миллион сомонӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 28,8 млн сомонӣ зиёд мебошад. Аз маблағи қонунвайронкунии ошкоршуда 398,5 млн сомонӣ барқарор карда шудааст, ки 98,2 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.