Дар Тоҷикистон машқҳои “Рубеж”-и СААД доир мегардад

Asia-Plus

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) соли 2024 дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои омодагии муштарак баргузор мекунад.

Сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Андрей Сердюков дар брифинг изҳор доштааст, ки дар Қазоқистон баргузории тамринҳои фармондеҳӣ-ситодӣ бо неруҳои ҳомии сулҳи СААД «Нерушимое братство-2024» пешбинӣ мешавад. Ӯ зикр кардааст, ки Созмон ба ҷалби намояндагони мақомоти мудофиа, ташкилотҳои заминавии таълимӣ-методӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ бо мақсади омӯзиши мушкилоти муҳими рушди неру ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъонаи СААД идома медиҳад.

“Дар қаламрави Тоҷикистон ҷамъомади фаврӣ бо Фармондеҳии Неруҳои дстаҷамъонаи зудамал дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамрини муштарак бо воҳидҳои Неруҳои дастаҷамъонаи зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ “Рубеж-2024” ба нақша гирифта шудааст”, – гуфааст сардори Ситоди муттаҳидаи СААД.

Дар қаламрави Қирғизистон аз ҷумлаи чорабиниҳои асосии омодагии муштарак моҳҳои сентябр-октябр баргузории тамрини фармондеҳӣ-ситодӣ бо Неруҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД “Взаимодействие-2024”, тамрини махсуси неру ва воситаҳои “Поиск-2024”, тамрини махсуси неру ва воситаҳои таъминоти моддӣ-техникии воҳидҳои СААД “Эшелон-2024” пешбинӣ шудааст.

“Дар марҳилаҳои фаъоли машқҳо иштироки нозирони кишварҳое, ки аъзои СААД нестанд, созмонҳои байнулмилалӣ, корпусҳои ҳарбӣ-дипломатии муқими Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар назар аст”, – иброз доштааст Сердюков.

Ба гуфтаи ӯ, ба ин тариқ то поёни соли 2024 алгоритми қабул ва иҷрои қарорҳои дастаҷамъӣ дар мавриди истифодаи нерӯ ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД комилан таҳия шуда, кор барои такмили равобит байни кишварҳо идома хоҳад ёфт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...