Дар Хатлон Шӯрои ВАО таъсис мешавад

Дар вилояти Хатлон Шӯрои воситаҳои ахбори омма (ВАО) ташкил мешавад ва ҳафади он баррасиву ҳамоҳангии фаъолияти расонаҳо ва мақомоти давлатӣ мебошад. Музафар Мирзозода, муовини раиси вилояти Хатлон имрӯз, 15-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора иттилоъ дода, зикр кард, ки Шӯрои ВАО дар ниҳоди машваратие хоҳад буд, ки дар назди раиси вилоят фаъолият мекунад. […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар вилояти Хатлон Шӯрои воситаҳои ахбори омма (ВАО) ташкил мешавад ва ҳафади он баррасиву ҳамоҳангии фаъолияти расонаҳо ва мақомоти давлатӣ мебошад.

Музафар Мирзозода, муовини раиси вилояти Хатлон имрӯз, 15-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора иттилоъ дода, зикр кард, ки Шӯрои ВАО дар ниҳоди машваратие хоҳад буд, ки дар назди раиси вилоят фаъолият мекунад.

“Ҳадаф дорем ин ниҳод соли ҷорӣ таъсис дода шавад. Ба ҳайати он намояндагони расонаҳо ва мақомоти давлатӣ шомил мешаванд. Мехоҳем дар ин Шуро масоили ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ВАО-и минтақа баррасӣ шуда, дастовардҳои вилоят муаррифӣ гарданд”, – гуфт Музаффар Мирзозода.

Аммо дар хусуси санаи дақиқи таъсиси шӯро иттилоъ дода нашуд.

Бояд гуфт, ки чунин шӯро дар сатҳи ҷумҳурӣ аллакай фаъолият дошта, як созмони мустақили рӯзноманигорӣ аст. Он аз ҳуқуқи хабарнигорон ҳимоят мекунад ва маводи онҳоро дар мавриди риояи одоби касбӣ таҳлил менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.