Дар ҷойи бинои ТВ “Сафина” маркази тиҷоратӣ сохта мешавад

Бинои собиқи шабакаи телевизиони “Сафина” тахриб мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати сохтмони шаҳрдории Душанбе хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар ҷойи он маркази тиҷоратӣ сохта мешавад. "Ҳамон маркази тиҷоратие, ки дар панҷараҳои гирду атрофи майдони сохтмон тасвир шудааст", – гуфтанд дар шаҳрдорӣ. Аз дигар ҷузъиёти масъала дар Раёсати мазкур хабар надоданд. “Аз […]

Бинои собиқи шабакаи телевизиони “Сафина” тахриб мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати сохтмони шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷойи он маркази тиҷоратӣ сохта мешавад.

"Ҳамон маркази тиҷоратие, ки дар панҷараҳои гирду атрофи майдони сохтмон тасвир шудааст", – гуфтанд дар шаҳрдорӣ.

Аз дигар ҷузъиёти масъала дар Раёсати мазкур хабар надоданд.

“Аз ҷузъиёти масъала метавонед дар нишасти матбуотӣ ё тариқи дархости хаттӣ огаҳӣ ёбед”, – гуфт манбаъ.

Нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе рӯзи 16 феврал таъин шудааст.

Аз расмҳо дар панҷараи гирду атрофи сохтмон маълум мешавад, ки он аз се бинои бо ҳам пайваст ва як бинои алоҳида иборат аст. Бидуни чор ошёнаи аввал, биноҳо аз 8, 10 ва 12 ошёна иборатанд. Дар ошёнаҳои 2, 3 ва 4-ум айвонҳо мавҷуданд. Гирду атроф ва айвонҳои кушод сабзпӯшанд.

Дар бораи тахриби ин бино баъди ба ҷойи дигар – рӯбарӯи МС “Душанбе Молл” (Ашан) кӯчидани ТВ “Сафина” гуфтугузорҳо пайдо шуданд. Зимни нишасти матбуотӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон рӯзи 5 феврал изҳор намуданд, ки масъалаи тахриби бино мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Бо наққошии деворӣ чӣ мешавад?

Қобили зикр аст, ки ба ҷуз бино, аҳли ҷомеа ба наққошии девории сангӣ (фреска)-и “Шашмақом” дар намо (фасад)-и бино низ таваҷҷуҳи зиёд доштанд.  Дар робита ба ин масъала аз аз шаҳрдорӣ чизе посух надоданд. Он яке аз наққошиҳо (мозаика)-и маъруфи боқимондаи Душанбе аст, ки аз ҷониби рассом-монументалист Асрор Аминҷонов таҳия шудааст.

Худи бино соли 1933 аз рӯи лоиҳаи меъмор Сергей Кутин сохта шуда, аввалин кинотеатри зимистонаи ба номи Горкий дар Душанбе буд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ин ҷо “Союздетфилм” ва киностудияи Тоҷикистон ҷойгир шуда буданд.

Солҳои 60-уми асри гузашта дар ин ҷо Филармонияи давлатӣ фаъолият дошт. Аз соли 2005 бино ба ихтиёри шабакаи навтаъсиси телевизиони “Сафина” дода шуд. Ин бино дар бисёре аз филмҳо, масалан филми маъруфи “Ман бо духтаре вохӯрдам” (Я встретил девушку) нишон дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.