Марги се нафар дар садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Айнӣ

Asia-Plus

Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ се нафар ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон садама дар километри 123,8 – уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст.

Бино ба иттилоъи наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Зарафшон, ронандаи мошини тамғаи Toyota Corolla, сокини 25-солаи шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Хуҷанд, идораи мошинро аз даст дода, ба дарёи Фон сарозер шудааст.

“Ронанда ва ду мусофираш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Наҷотдиҳандагон аз дарё ҷасади фавтидагонро берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, – менависад КҲФ.

Ин ниҳод аз ронандагон хостааст, ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд ва дар роҳ тамоми қоидаҳо ва суръати ҳаракатро риоя кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...