“Қаҳрамонҳои фасод” дар Тоҷикистон кистанд?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон соли 2023 ҳолатҳои коррупсионӣ бештар дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ошкор шудааст. Дар ин бора имрӯз, 16 феврал, зимни нишасти матбуотӣ раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин сохторҳо 240 ҷиноят, ки аз ҷониби 129 нафар содир гардидааст, ба қайд гирифта шудааст.

Дар идома соҳаи маориф ва илм қарор дорад, ки дар ин бахш аз ҷониби 87 нафар 181 ҷиноят содир шудааст.

Раиси Агентӣ 71 адад коҳиши шумори ҷиноятҳои коррупсиониро дар ин соҳа нисбат ба соли 2022 зикр карда, иттилоъ дод, ки дар соли 2022 120 корманди соҳаи маориф 252 ҷиноят содир карда буданд.

Дар зинаи сеюм соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қарор дорад, ки 152 ҷиноят аз ҷониби 72 корманди соҳа сабт шудааст ва ин 10 ҳолат бештар нисбат ба соли 2022 мебошад (147 ҷиноят аз ҷониби 62 нафар).

Бино ба маълумоти Султонзода, соли гузашта аз ҷониби воҳидҳои Агентӣ дар маҷмӯъ 2212 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии марбут ба фасод ошкор шудааст.

“Соли 2023 аз ҷониби Агентӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият 345,4 млн сомонӣ ба фоидаи давлат барқарор карда шуд, ки 251,2 млн сомонии он ба буҷети давлатӣ ва 94,2 млн сомонӣ – ба буҷети ташкилоту муассисаҳо рост меояд”, – гуфт ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...