Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 каме зиёд шуд

То 1 январи соли 2024 ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 30,2%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ баробар аст. Дар ин бора имрӯз, 16 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод. Ӯ зикр кард, ки дар сохтори қарзи давлатӣ 3,2 млрд доллар ё 89%-ашро […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

То 1 январи соли 2024 ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 30,2%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ баробар аст. Дар ин бора имрӯз, 16 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки дар сохтори қарзи давлатӣ 3,2 млрд доллар ё 89%-ашро қарзи хориҷӣ ва 400 млн доллар ё худ 11%-ашро қарзи дохилӣ ташкил медиҳад.

Вазир таъкид дошт, ки таносуби қарзи хориҷӣ ба ММД то 1 январи соли ҷорӣ 26,9%-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, барои пардохти қарзи хориҷӣ дар соли гузашта ҳудуди 275 млн доллар равона шудааст, аз ҷумла 187 млн доллар барои пардохти қарзи асосӣ ва ҳудуди 88 млн доллар – барои пардохти фоизи қарзҳо.

“Таъмини иҷрои уҳдадориҳои давлатии молиявӣ дар доираи нақшаи тасдиқшуда роҳандозӣ гардида, қафомонӣ дар пардохти қарз ба созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва давлатҳои ҷудогона вуҷуд надорад”, – гуфт Қаҳҳорзода.

Вазир зикр кард, ки соли гузашта дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои кишвар Вазорати молия барои амалисозии 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 571,7 млн доллар 26 созишнома ба имзо расонид.

“Дар ин маблағ 374,1 млн доллар ё худ 65%-ро грантҳо, 191,6 млн доллар ё худ 33,5%-ро қарз ва 6 млн долларро ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ташкил медиҳад”, – изҳор дошт вазир.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар соли 2023 ба миқдори 15 млн доллар зиёд шудааст.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Бонки содироту воридоти Чин боқӣ мемонад, ки ҷумҳурӣ аз он каме бештар аз 900 млн доллар қарздор аст.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ (371 млн доллар), Бонки осиёии рушд (268 млн доллар), Бонки исломии рушд (212 млн доллар) ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (167 млн доллар) қарзҳои нисбатан зиёд дорад.

Дар сохтори қарз евробондҳо (500 млн доллар) низ мавҷуданд, ки соли 2017 барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” ҷалб шуда буданд. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда, ҳоло танҳо фоизҳои қарз аз рӯи ин коғазҳои қиматбаҳо пардохт карда мешаванд.

Соли гузашта барои пардохти фоизҳо ҳудуди 36 млн доллар равона гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.