Имтиёзҳо барои пардохти андоз. Ба буҷети Тоҷикистон зиёда аз 550 млн доллар ворид нашудааст

Дар натиҷаи имтиёзу сабукиҳои пешниҳодшуда ба пардохти андоз ба ин ё он бахшу соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар дар соли 2023, ба Буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 6,1 млрд сомонӣ (зиёда аз 550 млн доллар) камтар маблағ ворид шуд. Дар ин бора Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ин ба 34,3%-и воридоти маблағ ба буҷет аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар натиҷаи имтиёзу сабукиҳои пешниҳодшуда ба пардохти андоз ба ин ё он бахшу соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар дар соли 2023, ба Буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 6,1 млрд сомонӣ (зиёда аз 550 млн доллар) камтар маблағ ворид шуд. Дар ин бора Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ин ба 34,3%-и воридоти маблағ ба буҷет аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар соли гузашта баробар аст.

Соли 2023 ба буҷети кишвар аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ба ҷамъоварии он Кумитаи андоз машғул аст, зиёда аз 17,3 млрд сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки 3,8% зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад.

Раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода бар ин назар аст, ки имтиёзҳо зиёданд, лекин ба ақидаи ӯ, дар марҳилаи кунунии рушди иқтисоди кишвар онҳо лозиманд.

“Айни замон бе имтиёз ғайриимкон аст, зеро онҳо ба рушд ҳавасманд месозанд. Лекин минбаъд давра ба давра онҳоро ба тартиб даровардан зарур аст”, – изҳор намуд ӯ ба “Азия-Плюс”.

Давлатзода зикр кард, ки имтиёзҳо тибқи Кодекси андози амалкунанда наметавонанд хусусияти инфиродӣ дошта бошанд: онҳо ба бахшҳои афзалиятнок ба муҳлати на бештар аз 5 сол дода шуда, набояд аз 50%-и меъёри андоз зиёд бошанд.

Ин меъёрҳо ҳангоми таҳияи Кодекси андоз, ки аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт, бо пешниҳоди шарикони рушди ҳукумати Тоҷикистон, ки ҷараёни таҳияи Кодексро дастгирӣ кардаанд, ҷорӣ карда шудаанд.

Дар Кодекси пешина чунин маҳдудиятҳо вуҷуд надоштанд, имтиёзҳо метавонистанд ба ҳар андозсупоранда бидуни маҳдудият дода шаванд.

Қаблан намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия доданд, ки давра ба давра аз пешниҳоди имтиёзҳои сершумори вобаста ба андоз даст кашад.

Пештар аз ин иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ тавсия дода буданд, ки тариқи коҳиши имтиёзҳо низоми андоз бозбинӣ шавад.

"Ин метавонад заминаи андозро васеъ карда, нобаробариро кам кунад", – зикр шуда буд дар Гузориши хароҷоти давлатии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, соли 2024 дар Буҷети давлатии ҷумҳурӣ афзоиши воридоти маблағ аз ҳисоби пардохти андоз дар сатҳи 14,3% пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми воридоти маблағ аз ҳисоби андозҳо дар сохтори қисмати даромади буҷети давлатӣ дар соли 2024 дар ҳаҷми 26,3 млрд сомонӣ (2,4 млрд доллар) муқаррар шудааст. Ин 3,3 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳаҷми муқарраршудаи ҳаҷми воридоти маблағ аз андоз дар буҷети соли 2023 мебошад.

Аз ҷумла, соли равон аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ба даст овардани 1,9 млрд сомонӣ дар назар аст. Воридоти маблағ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 8,4 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.