USAID дастовардҳои лоиҳаи сесолаи мубориза бо COVID-19-ро таҷлил мекунад

Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои худро дар вокуниш ва мубориза бо пандемияи COVID-19 таҷлил мекунад. Аз моҳи марти соли 2020 лоиҳаи Устувории системаи тандурустии маҳалии USAID ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар таҳкими системаи миллии ташхисгоҳҳои Тоҷикистон ва татбиқи Нақшаи миллии омодагӣ […]

Маводи шарикон

Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои худро дар вокуниш ва мубориза бо пандемияи COVID-19 таҷлил мекунад. Аз моҳи марти соли 2020 лоиҳаи Устувории системаи тандурустии маҳалии USAID ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар таҳкими системаи миллии ташхисгоҳҳои Тоҷикистон ва татбиқи Нақшаи миллии омодагӣ ва вокуниш ба COVID-19 кумак мекунад.

Лоиҳаи мазкур дар маҷмӯъ чорабиниҳоро дар 25 ноҳия (аз 62 ноҳия дар саросари кишвар): 16 ноҳия дар вилояти Хатлон, 8 ноҳия дар вилояти Суғд ва 1 ноҳияи тобеи марказ амалӣ намуд.

Давоми се соли охир лоиҳаи мазкур 10 ташхисгоҳро бо лавозимоти зарурӣ таъмин кардааст, аз ҷумла бо таҷҳизоти Реаксияи занҷири полимеразӣ (ПЦР), 50 яхдон ва як таҷҳизот барои сӯзондани партовҳои тиббӣ. Ғайр аз он, дар доираи лоиҳа 138 ташхисгарони  озмоишгоҳҳои COVID-19 оид ба бехатарӣ ва амнияти биологӣ, системаҳои идоракунии сифат ва 3800 кормандони соҳаи тиб оид ба ҷамъоварии маълумот, пешгирӣ ва назорати сироят омӯзонида шуданд.

Лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон ташаббуси мубориза бар зидди бемории COVID-19 ба коҳиш додани иттилооти бардурӯғ дар бораи ваксина кӯмак кард ва ҷараёни дарки ҷомеаро дар бораи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 мустаҳкам намуд. Бо дастгириву талошҳои ҳукумат оид ба ҷобаҷогузорӣ ва татбиқи ваксинаҳо бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тасдиқ шудаанд, сатҳи иммунизатсия дар вилоятҳои Суғду Хатлон барои вояи якум ва дуюм ба 99%, ва вояҳои иловагии аввал дар байни аҳолии калонсоли мақсаднок ба 98% расид.

"Ман аз ҳамкории судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чунин тағйироти бунёдӣ ва инноватсиониро ба низоми тандурустии Тоҷикистон меорад ва ташхиси беҳтари COVID-19-ро дастгирӣ менамояд, хеле ифтихор мекунам." – изҳор намуд Питер Райли, Роҳбари намояндагии USAID дар маросими ҷамъбасти лоиҳа.

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.