Бародари Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини Кӯлоб, ки баъди боздошт ҷон дод, аз ВКД ҷуброн хост

Asia-Plus

Баробари Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини Кӯлоб, ки шаби 2-юми январи соли 2023 аз тарафи маъмурони милиса дастгир шуд ва дар шароити мармуз ҷон дод, аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостааст.

Радиои Озодӣ бо истинод ба Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон навиштааст, Давлатмурод Розиқов, додари  Абдуқаҳҳор Розиқов дар номае ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтааст, бародараш бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи маъмурони милиса ҷон бохт.

Ин расона навиштааст, аризаи Давлатмурод Розиқов 5-уми январи имсол ба Додгоҳ фиристода шудааст, аммо ба он ҳоло посух дода нашгудааст.

“Намояндагони Эътилоф рӯзи 13-уми феврал дар хабарномае гуфтаанд, Давлатмурод Розиқов дар қазияи бародараш “ҷабрдида эътироф шуда буд” ва “аз кирдорҳои маъмурони идораи корҳои дохилӣ ба ӯ зарари маънавӣ расидааст”, – навиштааст Радиои Озодӣ.

Ёдовар бояд шуд, ки боздошт ва марги Абдуқаҳҳор Розиқов дар Кӯлоб шаби 2-юм ба 3-юми январи соли ҷорӣ иттифоқ афтод.

Он замон ВКД бо нашри изҳорот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истифодаи зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин номид. Павйвандонаш ин иттиҳомро рад карда, сабаби марги Розиқовро шиканҷаи кормандони милиса номида буданд.

Аммо ин ҳодиса боиси эътирози гурӯҳе аз пайвандони Розиқов ва сокинони шаҳри Кӯлоб шуд. Чанд нафар аз эътирозгарон як рӯз ҷасадро аз сардхона нагирифта, гуфтанд, то мақомот ваъдаи ҷазои шиканҷагаронро надиҳанд, бинои сардхонаро тарк нахоҳанд кард.

Дар пайи ин, намояндагони мақомот ваъда доданд, ки ҳодиса таҳқиқ мешавад ва гунаҳкорон ҷазо мегиранд.

Ҳамин тавр, моҳи июли соли 2023 додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми се милисаи муттаҳам ба марги Абдуқаҳҳор Розиқовро содир кард. Ҳар кадоме аз онҳо ба 14-солии зиндон маҳкум шуданд.

Шамшод Шарифзода, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматов, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб ба “боздошти худсарона ва шиканҷа”-и Абдуқаҳҳор Розиқов гунаҳкор шуданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...