Бародари Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини Кӯлоб, ки баъди боздошт ҷон дод, аз ВКД ҷуброн хост

Баробари Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини Кӯлоб, ки шаби 2-юми январи соли 2023 аз тарафи маъмурони милиса дастгир шуд ва дар шароити мармуз ҷон дод, аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостааст. Радиои Озодӣ бо истинод ба Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон навиштааст, Давлатмурод Розиқов, додари  Абдуқаҳҳор Розиқов дар номае ба […]

Баробари Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини Кӯлоб, ки шаби 2-юми январи соли 2023 аз тарафи маъмурони милиса дастгир шуд ва дар шароити мармуз ҷон дод, аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостааст.

Радиои Озодӣ бо истинод ба Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон навиштааст, Давлатмурод Розиқов, додари  Абдуқаҳҳор Розиқов дар номае ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтааст, бародараш бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи маъмурони милиса ҷон бохт.

Ин расона навиштааст, аризаи Давлатмурод Розиқов 5-уми январи имсол ба Додгоҳ фиристода шудааст, аммо ба он ҳоло посух дода нашгудааст.

“Намояндагони Эътилоф рӯзи 13-уми феврал дар хабарномае гуфтаанд, Давлатмурод Розиқов дар қазияи бародараш “ҷабрдида эътироф шуда буд” ва “аз кирдорҳои маъмурони идораи корҳои дохилӣ ба ӯ зарари маънавӣ расидааст”, – навиштааст Радиои Озодӣ.

Ёдовар бояд шуд, ки боздошт ва марги Абдуқаҳҳор Розиқов дар Кӯлоб шаби 2-юм ба 3-юми январи соли ҷорӣ иттифоқ афтод.

Он замон ВКД бо нашри изҳорот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истифодаи зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин номид. Павйвандонаш ин иттиҳомро рад карда, сабаби марги Розиқовро шиканҷаи кормандони милиса номида буданд.

Аммо ин ҳодиса боиси эътирози гурӯҳе аз пайвандони Розиқов ва сокинони шаҳри Кӯлоб шуд. Чанд нафар аз эътирозгарон як рӯз ҷасадро аз сардхона нагирифта, гуфтанд, то мақомот ваъдаи ҷазои шиканҷагаронро надиҳанд, бинои сардхонаро тарк нахоҳанд кард.

Дар пайи ин, намояндагони мақомот ваъда доданд, ки ҳодиса таҳқиқ мешавад ва гунаҳкорон ҷазо мегиранд.

Ҳамин тавр, моҳи июли соли 2023 додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми се милисаи муттаҳам ба марги Абдуқаҳҳор Розиқовро содир кард. Ҳар кадоме аз онҳо ба 14-солии зиндон маҳкум шуданд.

Шамшод Шарифзода, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматов, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб ба “боздошти худсарона ва шиканҷа”-и Абдуқаҳҳор Розиқов гунаҳкор шуданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.