Боздошти 3 ноболиғ дар Кӯшониён ба гумони дуздии 8,7 ҳазор сомонӣ

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар ноҳияи Кӯшониён 3 ноболиғ ба гумони даст доштан дар дуздӣ аз мағозаи хӯрокворӣ боздошт шуданд.

Тавре ки ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини 29-солаи шаҳри Бохтар ба ШВКД Кӯшониён муроҷиат намуда, аз дуздӣ дар мағозаи хӯроквориаш рӯзи 18 феврал хабар додааст.

“Шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозааш 8 ҳазору 700 сомонӣ ва маҳсулоти хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, – омадааст дар хабари Вазорат. – Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки ҷинояти мазкурро се ноболиғи 15 ва 17-солаи сокинони ноҳияи Кӯшониён содир намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, соли 2023 дар ҷумҳурӣ 555 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиргардида ба қайд гирифта шудааст, ки 182 ҳолат камтар нисбат ба соли 2022 (737 ҳолат) мебошад.

Миқдори зиёди чунин ҷиноятҳо ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ – 174 ҳолат, вилояти Хатлон – 66 ҳолат ва ВМКБ – 15 ҳолат рост меояд.

Дар пойтахт шумори ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда дар соли 2023 нисбат ба соли пешин (соли 2022) 47 ҳолат камтар шуда,ҳамагӣ 89 ададро ташкил додаанд. Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ ин нишондиҳанда нисбат ба соли пешин (соли 2022) 20 ҳолат камтар шуда, 100 ададро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...