Дар Дарвоз сангрезӣ шуд. Роҳи Душанбе – Хоруғ баста шудааст

Боришоти шадид дар саросари кишвар хатари тармафароӣ ва сангрезӣ дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳуриро зиёд кардааст. Ҳамин тариқ, рӯзи 20-уми феврал дар километри 285-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ дар деҳаи Яхчисори ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ резиши санг ба қайд гирифта шуд. «Роҳ баста шуд. Айни замон кормандони хадамоти роҳи ноҳия бо истифода аз техникаи махсус дар […]

Asia-Plus

Боришоти шадид дар саросари кишвар хатари тармафароӣ ва сангрезӣ дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳуриро зиёд кардааст.

Ҳамин тариқ, рӯзи 20-уми феврал дар километри 285-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ дар деҳаи Яхчисори ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ резиши санг ба қайд гирифта шуд.

«Роҳ баста шуд. Айни замон кормандони хадамоти роҳи ноҳия бо истифода аз техникаи махсус дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд. Роҳ ҳоло баста аст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби эҳтимоли зиёди тармафароӣ ва сангреза Кумита бори дигар аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳиву доманакӯҳӣ, сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, аз шикор ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз рафтан ба қитъаҳои хавфнок худдорӣ варзида, ҳушёру эҳтиёткор бошанд. Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки реҷаи суръат ва фосила байни воситаҳои нақлиётро риоя намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.