Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон боз як соли дигар тамдид шуд

Asia-Plus

Муҳлати амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” бори сеюм ва барои як соли дигар дароз карда шуд. Он то 5-уми январи соли 2025 амал хоҳад кард. Лоиҳаи тарҳи тамдиди қонун дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми парлумон, ки рӯзи 19-уми феврал баргузор гардид, аз сӯи вакилон қабул шуд.

Қонун эълони ихтиёрии маблағ ва амволро талаб мекунад. Моликони дороиҳое, ки қонунӣ гардонида мешавад, ба таври худкор аз ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ озод мешаванд.

“Садои мардум”, рӯзномаи расмии Маҷлиси Олии кишвар хабар дод, ки Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар назди вакилон лоиҳаи қонунро шарҳ дод.

Ӯ аз ҷумла дар шарҳи тамдиди қонун гуфтааст, танҳо баъд ду давра тамдиди он раванди қонунигардонии амвол вусъат ёфта, “раванди қонунигардонӣ бо нишондиҳандаҳои нисбат ба марҳилаҳои қаблӣ беҳтар идома ёфт”.

Номбурда гуфтааст, “бинобар пурра дарк нашудани шарту талаботи қонунигардонӣ аз тарафи аҳолӣ ва сари вақт таъсис наёфтани комиссияҳои қонунигардонии дороиҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” марҳилаи аввали татбиқи қонуни мазкур (солҳои 2021-2022) ҷоннок набуд.

“Дар марҳилаи дуюм (солҳои 2022-2023)… раванди қонунигардонӣ туфайли фаъолияти тарғиботии Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои масъул вусъат пайдо карда, нишондиҳандаҳои қонунигардонии ин марҳила нисбат ба марҳилаи якум тамоюли афзоиш доштанд”,-зикр кардааст раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ба таъкиди номбурда дар марҳилаи сеюм (нимаи дуюми соли 2023), ки бо тамдиди амали қонун ба муҳлати шаш моҳи дигар бинобар натиҷаҳои татбиқи мусбати он шурӯъ ёфта буд, раванди қонунигардонӣ бо нишондиҳандаҳои нисбат ба марҳилаҳои қаблӣ беҳтар идома ёфт.

Фирдавс Толибзода гуфтааст, дар марҳилаҳои қонунигардонии дороиҳо на танҳо раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон, инчунин, дигар дороиҳо, аз ҷумла молу мулки ғайриманқул, “вусъат пайдо карда, ба устувории иқтисодиёти миллӣ мусоидат намуд”.

“Айни замон, бо назардошти натиҷаҳои мусбати марҳилаҳои зикршудаи татбиқи қонуни мазкур, ҳавасмандӣ ва муроҷиат барои идома ёфтани ин раванд ва билохира бо мақсади боз ҳам ғанӣ гардондани иқтисодиёти миллӣ тавассути тақвияти минбаъдаи ҷалби сармоя, бахусус сармояи дохилӣ тамдиди муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маб­лағҳо ба як соли дигар ба мақсад мувофиқ ҳисобида мешавад”, – гуфтааст раиси БМТ.

 

Чӣ қадар дороиҳо қонунӣ гардонида шудааст?

Ӯ ба вакилон иттилоъ додааст, ки аз замони амали қонуни мазкур (моҳи августи соли 2021) то 5-уми январи соли 2024 -ум 5,9 миллиард сомонӣ қонунӣ гардида, 4 ҳазор шаҳодатнома дода шудааст.

Номбурда гуфтааст, дар бораи тамдиди муҳлати амали қонун Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маб­лағгузории терроризмро ба таври расмӣ хабардор кардаанд.

Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” 5-уми июли соли 2021 қабул шуд. Қонунигардонӣ дар аввал барои 1 сол – то соли 2022 пешбинӣ шуда буд, аммо дар моҳи июни соли 2022 барои як соли дигар тамдид карда шуд – то 4 июли соли 2023. Тобистони соли гузашта он боз 6 моҳ- то 5-уми январи соли 2024 дароз карда шуд.

Барои таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ аз 26-уми январи соли 2021 ба парлумон дастур дода буд.

Он замон таъкид гардид, ки қабули қонуни авф барои ҷалби сармоягузории шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Роҳбарияти БМТ қабули ин қонунро ба ҷалби сармояи изофӣ ба низоми молиявиву бонкӣ ва ба ин васила, афзоиши маблағгузории соҳаҳои мухталифи саноат ва бахшҳои иқтисоди кишвар рабт додааст.

Гуфта мешавад, ки аҳамияти қонунигардонии дороиҳо инчунин ба таъсиси корхонаҳои нав, афзоиши ҳаҷми сармояи саҳҳомии ширкатҳои мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, воридоти иловагии андоз ба буҷет, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва ғайра мусоидат мекунад.

 

Таҷриба ҳаст

Дар мавриди баргузор намудани чунин авфҳо Тоҷикистон таҷриба дорад. Ин гуна авфҳо дар Тоҷикистон се маротиба гузаронида шуда, лекин дар як вақт қонунӣ гардонидани ҳам пулу ҳам амвол бори нахуст сурат мегирад.

Аввалин чунин ташаббус соли 2003 барои “ҷалби маблағҳои иловагӣ ба иқтисод” гузаронида шуда, танҳо маблағҳо қонунӣ шуданд ва он ба амвол дахл надошт.

Президент моҳи апрели соли 2004 зимни муроҷиат ба парлумон хабар дод, ки дар доираи баргузории чунин як иқдоми якдафъаина 190 млн доллари ба 18 ҳазор нафар шаҳрванд дахлдошта қонунӣ гардонида шуданд.

“Чорабинии мазкур имконоти бонкҳоро барои рушди иқтисоди миллӣ ба таври назаррас зиёд кард”, – зикр карда буд ӯ он замон.

Иқдоми минбаъда давоми солҳои 2008-2009 баргузор гардида, танҳо ба амволе дахл дошт, ки ғайриқонунӣ харидориву азхуд шуда буд.

Дар натиҷа, зиёда аз 87 ҳазор амвол қонунӣ гардонида шуд, ки нархи умумиашон он замон 19 млрд сомонӣ (5 млрд доллар бо қурби ҳамон вақт) арзёбӣ гардида буд.

Авфи сеюм солҳои 2010-2011 гузаронида шуд. Маблағи он замон қонунӣ гардонидашуда барои харидории саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” равона гардид. Бо ин мақсад ҳукумат суратҳисобҳои махсуси бонкӣ боз намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...