Як сокини Бӯстон пораи ҷигарашро ба шавҳараш дод

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Мухлиса Каримова, сокини шаҳри Бӯстон, пораи ҷигарашро ба шавҳараш Фарҳодҷон Каримов додааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

“Ман бе ягон дудилагӣ барои додани пораи ҷигар ба шавҳарам розӣ шудам. Ӯ падари се фарзандам, сардори оила аст. Ӯ бояд шифо ёбад ва ба назди фарзандонаш баргардад. Мехоҳам ба табибоне, ки ҷарроҳиро бомуваффақият анҷом доданд, изҳори сипос намоям”, – гуфт Мухлиса Каримова.

Бино ба иттилоъи вазорати беҳдошт, ин ҷарроҳӣ дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони ҷумҳурӣ анҷом шудааст.

Як манбаъ дар ин марказ зикр кардааст, ки ин ҷарроҳӣ аз амалиётҳои қаблӣ фарқ мекунад.

“Бори аввал як қисми ҷигари солим ба ҷигари носолим пайванд карда шуд. Дар илми тиб ин амалиётро “рапид” меноманд. Баъди пурра шифо ёфтан ва метавонем ҷигари носолими беморро гирем”, – гуфтааст яке аз табибон.

Бояд гуфт, ки қаблан сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Муҳаммадӣ Лолахонов низ як қисми ҷигарашро ба ҳамсараш дода буд.

Амалиёти мазкур низ дар Маркази миллии пайвандсозии узвҳои инсон амалӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...