Як сокини Бӯстон пораи ҷигарашро ба шавҳараш дод

Мухлиса Каримова, сокини шаҳри Бӯстон, пораи ҷигарашро ба шавҳараш Фарҳодҷон Каримов додааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад. “Ман бе ягон дудилагӣ барои додани пораи ҷигар ба шавҳарам розӣ шудам. Ӯ падари се фарзандам, сардори оила аст. Ӯ бояд шифо ёбад ва ба назди фарзандонаш баргардад. Мехоҳам ба табибоне, ки […]

Мухлиса Каримова, сокини шаҳри Бӯстон, пораи ҷигарашро ба шавҳараш Фарҳодҷон Каримов додааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

“Ман бе ягон дудилагӣ барои додани пораи ҷигар ба шавҳарам розӣ шудам. Ӯ падари се фарзандам, сардори оила аст. Ӯ бояд шифо ёбад ва ба назди фарзандонаш баргардад. Мехоҳам ба табибоне, ки ҷарроҳиро бомуваффақият анҷом доданд, изҳори сипос намоям”, – гуфт Мухлиса Каримова.

Бино ба иттилоъи вазорати беҳдошт, ин ҷарроҳӣ дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони ҷумҳурӣ анҷом шудааст.

Як манбаъ дар ин марказ зикр кардааст, ки ин ҷарроҳӣ аз амалиётҳои қаблӣ фарқ мекунад.

“Бори аввал як қисми ҷигари солим ба ҷигари носолим пайванд карда шуд. Дар илми тиб ин амалиётро “рапид” меноманд. Баъди пурра шифо ёфтан ва метавонем ҷигари носолими беморро гирем”, – гуфтааст яке аз табибон.

Бояд гуфт, ки қаблан сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Муҳаммадӣ Лолахонов низ як қисми ҷигарашро ба ҳамсараш дода буд.

Амалиёти мазкур низ дар Маркази миллии пайвандсозии узвҳои инсон амалӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.