Агентии зиддифасод: Чанд масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” беш аз 2 млн сомониро тасарруф кардаанд

Asia-Plus

Чанд масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ таҷҳизоти барқӣ ва дигар молу маҳсулоти арзишдорро тасарруф кардаанд. Бар зидди чанд нафари онҳо барои сохтакории ҳуҷҷатҳо ва тасарруфи беш аз 2 миллион сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Эргашев Б.С. дар вазифаи сардори гурӯҳи хидматрасонии қитъаи Панҷакенти “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” кор карда, бо истифода аз ваколати мансабдорӣ ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хидматиро содир намудааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда дар раванди содир кардани ҷиноят бо роҳбари ҳамин корхона Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул маслиҳати пешакӣ анҷом додааст.

Манбаъ менависад, Эргашев Б.С. дар анбори гурӯҳи хидматрасонии қитъаи Панҷакент молу маҳсулоти арзишдорро расман қабул намуда, бо мақсади ғаразнок қисми онро мувофиқи мақсад истифода ва васлу насб накардааст.

“Эргашев давоми соли 2023 таҷҳизоти барқӣ ва молу маҳсулоти арзишдори ба ӯ бовар карда супурдашуда ва дар ихтиёраш қарордоштаро ба маблағи умумии 2.136.613,31 сомонӣ (ду миллиону 136 ҳазору 613 смониву 31 дирам – АП) бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд”, – меафзояд Агентии зиддифасод.

Ҳоло нисбати Бобоев Б.Қ., Эргашев Б.С. ва дигар шахсони масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бо моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” ва 323-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, маблағи зарари ошкоргардида пурра барқарор карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

Назари гумонбаршудагон дар ин робита маълум нест. Аммо ин аз камтарин ҳолатҳоест, ки Агентии зиддифасод дар бораи фасодкорӣ дар низоми тақсимоти барқ хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки чанде пештар “Азия-Плюс” бо такя ба шикояти сокинон ва фактҳои бадастоварда дар бораи ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми тақсиму фурӯши барқ мақолаи муфассал навишта буд.

Дар асоси фактҳо, кормандони ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаҳо мардумро маҷбур мекунанд, ки барои иваз кардани ҳисобкунакҳои барқ, насби трансформатор, сутунҳои хатти барқ ​​ва ғайра маблағи гарон пардохт кунанд ва роҳбарони ин корхона аз ин қонуншиканӣ чашм мепӯшанд.

Аз он ҷумла, дар ҳоли ҳозир дар бархе аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон низоми биллинг роҳандозӣ шуда, ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ насб карда мешаванд, аммо тавре сокинон мегӯянд, дар ин рӯзҳо ивази иҷбории ҳисобкунакҳои барқ ​​бо арзиши аз 600 то 1200 сомонӣ идома дорад.

Ғайр аз ин, бо афзоиши шумораи муштариён дар маҳалли аҳолинишин ё бунёди маҳаллаҳои нав масъалаи насб ё иваз кардани трансформаторҳо мубрам мегардад. Вақте сокинон дар ин робита ба масъулин муроҷиат мекунанд, онҳо мегӯянд,  “агар таҷҳизотро худатон ёбед, мо онро васл мекунем”.

Пас аз ин, сокинон ба ҷамъоварии маблағ барои трансформатор, сутунҳо, симҳо ва дигар таҷҳизоти лозима шурӯъ мекунанд ва одатан лавозимотро аз сохибкорон харида, ба коргарони “Барқи тоҷик” медиҳанд.

Як трансформатори истифодашуда бо иқтидори 40 ватт камаш 30 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Арзиши ҳар як сутун (столба) аз 1,5 то 3 ҳазор сомонӣ аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи қонунгузорӣ ин вазифаи кормандони “Шабакаи тақсимоти барқ” аст ва набояд маблағи изофӣ талаб кунанд.

Бештар дар ин бора дар мақолаи “Аҳолии Тоҷикистон барои насби ҳисобкунакҳо маблағ пардохт мекунанд. Чаро мақомот аз ин кор чашм мепӯшанд?” маълумот гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...