Нархи Рустам Ятимов то 1,2 млн евро расид: ӯ гаронтарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ аст

Тибқи фарзияи портали Transfermarkt, нархи дарвозабони мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Рустам Ятимов боло рафта, акнун арзиши он дар бозор 1,2 млн евроро ташкил медиҳад. Қаблан ӯ 900 ҳазор евро нарх дошт. Рустам Ятимов гаронтарин дарвозабон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин дастаи мунтахаби Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ғайр аз ин, Ятимов ба феҳристи 10-гона (ТОП-10)-и гаронтарин […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Тибқи фарзияи портали Transfermarkt, нархи дарвозабони мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Рустам Ятимов боло рафта, акнун арзиши он дар бозор 1,2 млн евроро ташкил медиҳад. Қаблан ӯ 900 ҳазор евро нарх дошт.

Рустам Ятимов гаронтарин дарвозабон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин дастаи мунтахаби Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ғайр аз ин, Ятимов ба феҳристи 10-гона (ТОП-10)-и гаронтарин футболбозони минтақаи Осиёи Марказӣ шомил гардид.

Аз лиҳози нарх дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон баъд аз дарвозабонон аз Австралия Райан (4 млн евро) ва Ҷопон (Такаока (1,5 млн евро) дар зинаи сеюм қарор дорад.

Боз як зумра дарвозабонони дигар, аз ҷумла Бейранванд ва Осако аз Ҷопон мисли Рустам Ятимов 1,2 млн евро нархгузорӣ шудаанд.

Нархи боз кадом футболбозони тоҷик боло рафт?

Арзиши футболбоз Зоир Ҷӯравбоев 10 ҳазор евро боло рафта, акнун ӯ 700 ҳазор евро нарх дорад.

Нархи футболбозон Ваҳдат Ханонов ва Манучеҳр Сафаров низ 100 ҳазорӣ зиёд шуда, акнун мутаносибан 450 ҳазор ва 350 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Нархи Алишер Шукуров 150 ҳазор афзуда, ба 400 ҳазор ва Ахтам Назаров – 125 ҳазор зиёд шуда, ба 250 ҳазор евро расидааст.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон то даври чаҳорякниҳоӣ расида, дар сафи 8 дастаи беҳтарини қораи Осиёи қарор гирифт.

Болоравии нархи футболбозони мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаи Ҷоми Осиё:

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.