Номукаммалии қонун. Дар Тоҷикистон бисёрзанӣ чӣ гуна муайян карда мешавад?

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Барои дузанагӣ ё бисёрзанӣ, яъне зиндагии муштарак бо ду ё якчанд зан дар Тоҷикистон ҷазои ҷиноятӣ муқаррар шудааст. Гоҳ-гоҳ дар шабакаи интернет хабарҳое мунташир мешаванд, ки милитсия мардеро барои серзанагӣ ба ҳабс гирифтааст. Масалан, тибқи як хабар дар моҳи августи соли гузашта, як мард  бо 13 зан ақди никоҳи мусулмонӣ бастааст.

Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тезутундеро ба бор оварда, аксарият ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ки мушкили бисёрзанӣ дар кишвар амалан тибқи қонун танзим намешавад.

Издивоҷҳое, ки тибқи шариат сурат мегиранд, аз рӯи қонунгузории Тоҷикистон, ҳукми қонунӣ надоранд.

Дар қонунҳои дахлдор мафҳуми ақди никоҳи “шаҳрвандӣ” ё “динӣ” вуҷуд надорад, танҳо издивоҷе эътироф мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда дар мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи моддаи 170 Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ, барои дузанагӣ ё серзанагӣ ҷазои ҷарима дар ҳаҷми аз 1 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол, ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст.

"Азия-Плюс" ба он таваҷҷуҳ кард, ки чӣ гуна кормандони ҳифзи ҳуқуқ умуман муайян мекунанд, ки зан ҳамсари мард аст (дуюм/сеюм ва ғ.).

Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ба мо адвокат ва директори иҷроияи ташкилоти PRO BONO DE JURE Дилафрӯз Самадова кумак кард.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна муайян мекунанд, ки мард якчанд зан дорад?

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, ин савол ҷавоби дақиқ надорад.

«Инҳо метавонанд ошиқон, дӯстон, ҳамкорон, шарикони корӣ бошанд. Аз як тараф, ҳама шахсони калонсол ҳуқуқ доранд, ки муносибатҳои ошкоро дошта бошанд, бо шахси дигар муошират кунанд, як кори умумӣ ва вохӯриҳои шахсӣ дошта бошанд. Агар ҳарду ҷониб розӣ бошанд, ҳеҷ мушкили ҳуқуқӣ вуҷуд надорад.

То ҳол ин ба моддаи 170-и Кодекси ҷиноӣ, ки “зиндагии муштарак бо пешбарии хоҷагии умумӣ”-ро пешбинӣ мекунад, дахл намекунад”, – шарҳ медиҳад Дилафрӯз Самадова.

Ба гуфтаи ӯ, ва ин аст, ки мушкилот маҳз аз ҳамин ҷо оғоз мешаванд.

Тавре ки мутахассис зикр мекунад, дар қонунгузорӣ мафҳуми “зиндагии муштарак” ва “пешбарии хоҷагии умумӣ” вуҷуд надорад.

Кодекси маданӣ (гражданӣ) ва оила мафҳуми “моликияти умумӣ” ва “моликияти муштарак”, аз ҷумла ихтиёрдорӣ ба моликияти умумиро муқаррар кардааст.

Пас ҳудудҳои “пешбарии хоҷагии умумӣ” дар куҷо муайян карда мешаванд?

Дар бораи зиддиятҳои конунгузорӣ дар ин самт пештар роҳбари ширкати ҳуқуқшиносии «Ҳимоя» Наврӯз Одинаев изҳори назар карда буд. Ӯ ҳам суол гузошта буд, ки ҳудудҳои “пешбарии хоҷагии умумӣ” аз куҷо муайян карда мешаванд?

«Дар Кодекси оила мафҳуми оила муқаррар карда нашудааст. Ва ин дар муайян кардани ҳудуди пешбарии хоҷагии умумӣ мушкил эҷод мекунад, зеро муносибати зану мард метавонад комилан гуногун бошад ва ин хилофи қонун нест.

Мард ва зан метавонанд тасмим гиранд, ки якҷоя фарзанддор шаванд, аммо якҷоя иқомат надоранд. Аммо мард ҳамчун падари бовиҷдон тибқи Кодекси оила падарии худро эътироф намуда, бо мувофиқаи тарафайн ба аёдати кӯдак меравад, ӯро бо маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин ва дар таълиму тарбияи фарзандаш кумак мекунад.

Гӯё хабаргирии кӯдак, хариди хӯрокворӣ, шомгоҳон якҷоя тановули ғизо кардани волидон бо кӯдак, ба боғча рафтани падар ва кумак ҳангомии бемории ӯ вуҷуд дорад. Аммо ҳамзистӣ бо зан нест. Оё дар ин маврид гуфтан мумкин аст, ки аломатҳои дузанагӣ вуҷуд дорад? Фикр мекунам, ки не”, – мегӯяд Дилафрӯз Самадова.

Чунин мешавад, ки зану мард якҷоя зиндагӣ намекунанд, фарзанд надоранд, балки муҳаббат ва муносибатҳои дӯстона доранд. Онҳо якҷоя вақт мегузаронанд, гоҳе дар хонаи зан ва гоҳе дар хонаи мард.

«Охир, ҳама мехоҳад, ки қалби ба худ наздик ва дӯстдошта дошта бошад. Оё ин дузанагӣ ҳисобида мешавад? Ба фикрам не, ҳатто агар он харидани хӯрокворӣ ё кӯмак ба ҳамдигар бо пулро дар бар гирад. Онҳо бо масъулияти худ сари чунин қарор омадаанд. Зеро ҳам дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар Кодекси гражданӣ ҳуқуқи ҳар як шахс ба дахолатнопазирӣ дар ҳаёти шахсӣ, махфияти мукотиба, гуфтугӯҳои телефонӣ, телеграф ва дигар намудҳои мукотиба муқаррар шудааст», – шарҳ медиҳад мутахассис.

Аммо муайян кардан мумкин аст

Лекин, ба гуфтаи вай, як нуктаи дигаре низ ҳаст. Дар амал, вақте ки мард тибқи расму оинҳои динӣ занро ҳамсари дуюм мегирад, ӯ инчунин дар назди ҳама вазифадор мешавад, ки ӯро таъмин ва нигоҳубин кунад.

«Аммо пас аз як муддати муайян мард аз ин кор даст кашида, нисбати зан зӯроварӣ мекунад ва ӯро дар ҳолати боз ҳам бадтар ва осебпазир мегузорад. Баъдан ин зан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят мекунад, ки мард боз як зани дигар дорад.

Зеро имрӯз дар Кодекси ҷиноӣ барои ин ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст”, – мегӯяд коршинос.

Яъне фарз мекунем, ки издивоҷ бо зани дуюм тавассути “никоҳ” баста шудааст, касе онро ҳуҷҷатгузорӣ накардааст. Ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна муайян мекунанд, ки зану мард дар издивоҷи мусалмонӣ ҳастанд?

“Дар амал, аксар вақт дар асоси шикояти зан. Прокуратура ба тафтиши аризаи ӯ шурӯъ намуда, аз ӯ баёнот мегирад, хешовандон, ҳамсояҳо, дигар шоҳидонро бозпурсӣ мекунад, далелҳоро месанҷад (аксу паёмакҳо), шахсеро, ки ин расму оинро иҷро кардааст, пайдо мекунад ва дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ қарор қабул мекунад ё агар муайян шавад, ки дар муносибатҳои онҳо ягон аломати ҷиноят вуҷуд надорад, оғози парвандаро рад мекунад”, – шарҳ дод Дилафрӯз Самадова.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки тибқи қонун, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тафтиши маълумот бар асоси аризаи шахси дигар, ки ба онҳо расида бошад, низ салоҳият доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...