Иҷозатномаи QIWI-банк бекор шуд. Бо низоми интиқоли пули CONTACT чӣ мешавад?

Asia-Plus

Бонки марказии Русия эълон кард, ки иҷозатномаи QIWI-банк барои нақзи қонунгузории Русия дар самти танзими фаъолияти бонкӣ, инчунин санадҳои меъёрии танзимгар бозхонд карда мешавад. Дар ин бора Бонки марказии Русия хабар медиҳад.

"Киви Банк мунтазам талаботи қонунгузориро дар соҳаи мубориза бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм риоя намекард”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, тайи 12 моҳи ахир аз ҷониби Бонки марказӣ нисбат ба бонки мазкур панҷ маротиба чора дида шуд, аз ҷумла ду маротиба барои анҷоми амалиётҳои ҷудогона маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд.

Дар Бонки марказии Русия таъкид мекунанд, ки аз лиҳози ҳаҷми дороиҳо QIWI-банк дар низоми бонкии Русия зинаи 89-умро ишғол мекард.

“Фаъолияти он бо ҷалби амалиётҳои дорои хавфи баланд, ки ба таъмини ҳисоббаробаркуниҳо байни шахсони воқеӣ ва тиҷорати зери соя (пинҳонӣ), аз ҷумла интиқоли маблағҳо ба фоидаи криптовалютаҳо, казиноҳои ғайриқонунии онлайн, идораҳои букмекерӣ ва ғайраҳо, инчунин ҷустуҷӯи роҳҳои нави канорагирӣ аз маҳдудиятҳои аз ҷониби Бонки марказӣ ҷоригардида хос буд”, – зикр мегардад дар маълумот.

Ба иттилои манбаъ, сарфи назар аз кори фаъоли назоратии Бонки марказӣ, ин муассиса барои коҳиши хавфҳо дар фаъолияти худ чораҳои муассир рӯйи даст нагирифта, баргузории амалиёти дорои хавфи баландро идома дод.

“Қатъи фаъолияти Бонк ба имконоти шаҳрвандону соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ дар анҷоми ҳисоббаробариҳо ва интиқоли маблағ, аз ҷумла бидуни кушодани суратҳисоб, тариқи дигар ташкилотҳои қарзӣ ва низомҳои пардохт таъсири назаррас намерасонад”, – хулоса мешавад дар хабари Бонки марказии Русия.

Бо CONTACT чӣ мешавад?

Низоми пардохти CONTACT (ба гурӯҳи QIWI мансуб аст), ки оператораш QIWI Банк аст, пас аз бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ, аз кор монд.

QIWI аз ҷониби CONTACT соли 2015 харида шуда, то ин дам низоми пардохт ба гурӯҳи молиявии «Открытие» тааллуқ дошт. CONTACT аз соли 1999 дар Русия кор мекунад.

Бино ба маълумоти худи ширкат, шабакаи Contact аз ҳудуди 500 нуқтаҳои хидматрасонӣ дар 180 кишвар иборат аст.

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ки барои амалисозии фаъолияти низоми пардохти QIWI-банк – CONTACT иҷозатнома додааст, алҳол доир ба равобити минбаъдааш бо бонки аллакай фаъолияташ қатъшуда хабар намедиҳад.   

Оператори низоми CONTACT (QIWI-банк) иҷозатномаи нави Бонки миллии Тоҷикистонро 16 сентябри соли 2021 ба муҳлати панҷ сол гирифт.

Ба ин тариқ, бозхонди иҷозатномаи QIWI-банк метавонад барои шаҳрвандони Тоҷикистон, дар навбати аввал ба муҳоҷирони корӣ, ки аз низоми пардохти CONTACT истифода мебаранд, мушкил эҷод кунад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли гузашта низоми дигари пардохти Русия – «Вестерн Юнион» фаъолияташро дар Тоҷикистон қатъ кард. Оператори ин низом ҶДММ Ташкилоти ғайрибонкии қарзии «Вестерн Юнион ДП Восток» мебошад.

Дар хабари Бонки миллии Тоҷикистон он замон зикр гардида буд, ки иҷозатнома бар асоси дархости хаттии ин низоми пардохт бозхонд карда шудааст.

Рӯйхати операторони ниоми пардохти БМТ айни замон аз 17 ташкилот иборат аст, ки 7-тоаш бо назардошти “Контакт” ба Русия мансубанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...