Ба Давлатманд Холов ҷоизаи “Лавҳи тақдир”-и Эрон тақдим гардид

Ба овозхони шинохтаи тоҷик Давлатманд Холов, ки чанд рӯз пеш дунёро тарк кард, ҷоизаи “Лавҳи тақдир”-и Эрон тақдим гардид. Ҷоизаро дар Теҳрон, зимни баргузории маросими “Шаби мусиқии суннатии Тоҷикистон” ба намояндагони санъату фарҳанги тоҷик эҳдо карданд. Қарор буд ин ҷоиза ба Лоиқ Холов, писари Давлатманд Холов тақдим карда шавад, аммо бинобар азодорӣ, ӯ ҳам натавонистааст […]

Исматуллоҳи Абдуллоҳ, Asia-Plus

Ба овозхони шинохтаи тоҷик Давлатманд Холов, ки чанд рӯз пеш дунёро тарк кард, ҷоизаи “Лавҳи тақдир”-и Эрон тақдим гардид. Ҷоизаро дар Теҳрон, зимни баргузории маросими “Шаби мусиқии суннатии Тоҷикистон” ба намояндагони санъату фарҳанги тоҷик эҳдо карданд.

Қарор буд ин ҷоиза ба Лоиқ Холов, писари Давлатманд Холов тақдим карда шавад, аммо бинобар азодорӣ, ӯ ҳам натавонистааст ба Теҳрон равад. Давлатманд Холов 18-уми феврал, дар синни 74-солагӣ, аз олам даргузашт.

Маросими “Шаби мусиқии суннатии Тоҷикистон” бо ҳамкории Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон, 22-юми феврали соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи фарҳангии Эко, бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва чеҳраҳои сиёсиву фарҳангии Эрон баргузор шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Ирон Пресс” маросими мазкур бо чанд дақиқа сукут барои гиромидошти хотираи Давлатманд Холов шурӯъ шуд.

Баъд аз суханрониҳои Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ва Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, навозандаю овозхонҳои машҳури тоҷик барои ҳозирон намунаҳое аз "Шашмақом" ва "Фалак"-ро пешкаш намуданд.

Дар идомаи ин маҳфил наворе аз ҳамкории ҳодравон Давлатманд Холов бо Шаҳроми Нозирӣ, хонандаи саршиноси эронӣ пахш гаридааст.

Дар ин барнома сафирони муқими Теҳрон, ҳунармандон ва шахсиятҳои фарҳангӣ, сафирони собиқи Эрон дар Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

Ҷоизаи “Лавҳи тақдир” ҳамчун нишон ифтихор ва қадрдонӣ аз заҳматҳо ба шахс ё созмоне эҳдо мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.