Дарвозабони эҳтиётӣ ба ҷойи Рустам Ятимов пайдо шуд?

Собиқ дарвозабони “Сызран-2003” Олег Баклов, ки айни замон дарвозабони тими “Уфа”аст, дар шаҳри Табошар (вилояти Суғди Тоҷикистон) ба дунё омадаву дар Русия ба воя расидааст, шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб шуд. Акнун дарвозабони 29-сола метавонад дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад. Худи Баклов гуфтааст, шарӯъ аз тобистони ҳамин сол, пас аз анҷоми мавсим дар Лигаи дуюми […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Собиқ дарвозабони “Сызран-2003” Олег Баклов, ки айни замон дарвозабони тими “Уфа”аст, дар шаҳри Табошар (вилояти Суғди Тоҷикистон) ба дунё омадаву дар Русия ба воя расидааст, шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Акнун дарвозабони 29-сола метавонад дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад. Худи Баклов гуфтааст, шарӯъ аз тобистони ҳамин сол, пас аз анҷоми мавсим дар Лигаи дуюми Русия ба бозӣ дар ҳайати даста омода аст.

Олег Баклов 20 октябри соли 1994 дар Табошар (Истиқлоли ҳозира) ба дунё омадааст. Тарбиятёфтаи дастаи футболи Сизран мебошад. Дар дастаҳои “Сызран-2003”, “Крылья Советов”, “Урал” ва “КАМАЗ” ҳунарнамоӣ кардааст.

Айни ҳол Баклов шарафи дастаи Уфаро дар лигаи дуюми чемпионати Русия ҳимоя мекунад. Аз ӯ ҳамчун як дарвозабони бомаҳорат ном бурда мешавад.

Дар сурати пайвастан ба тими миллии Тоҷикистон ӯ метавонад бо Рустам Ятимов дар як мавқеъ бозӣ кунад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ӯро иваз намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.