Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои куштани ҳамдеҳаи худ ба муддатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд

Asia-Plus

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар барномаи навбатии худ – “Ахбори ВКД” аз ҷузъиёти кушта шудани муҳоҷир аз Тоҷикистон дар Русия дар соли 2021 хабар дод.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, сокини деҳаи Киштӯдаки шаҳри Панҷакент Баҳром Алиқуловро ҳамдиёронаш – бародарон Соҳибназар ва Ҷаҳонбек Юсуповҳо бераҳмона куштаанд.

Дар гузориши телевизионӣ гуфта мешавад, Алиқулов муддати 20 сол барои кор ба Русия мерафтааст. Моҳи марти соли 2021 ҷасади Баҳром Алиқулов дар шафати роҳи Ходково-Дмитрови назди ш.Сергиево Посад бо аломатҳои марги маҷбурӣ (бо гулӯи бурида дар дохили халта) дарёфт мешавад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Сергиево Посад тибқи моддаи 105 КҶ Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд, лекин маълум мешавад, ки ӯро ҳамдиёронаш кушта, гумонбарон аллакай ба Тоҷикистон рафтаанд. Барои идомаи тафтишот парванда ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дода шуд.

Ҷасади Баҳром Алиқулов ба ватан интиқол ёфта, дар зодгоҳаш, ки ҷинояткорон  ҳам ба онҷо баргашта буданд, ба хок супурда шуд.

Пас аз тафтишоти тӯлонӣ даст доштани бародарон Юсуповҳо ба ин ҷиноят муайян шуда, моҳи ноябри соли 2023 онҳо боздошт шуданд.

Аз рӯи ин парванда ҳамчунин боз 1 хешованди дигари ҷинояткорон – Саддам Юсуфзода боздошт шуд, ки шоҳиди куштор буд, вале ин хабарро пинҳон кард.

Дар гузориши телевизионӣ бародари калонии Юсуповҳо – Соҳибназар ба куштани ҳамдиёраш иқрор шуд.

“Ҷанҷол сар шуда, ӯ ба ман зарба зад. Ӯ зарба зад, ман ҳам. Ман ба ӯ гуфтам, ки ту аллакай 5 сол маро азоб медиҳӣ, ин кайҳост, ки ба ҷонам расидааст…”, – изҳор доштааст ӯ.

Бародари ӯ Ҷаҳонбек баёнот додааст, ки “Соҳибназар гуфт, ки дар ин бора ба ҳеҷ кас нагӯем”. Шоҳиди ҳодиса Саддам Юсуфзода низ ҳодисаро нақл кардааст.

“Вақте ки ӯ афтод, Соҳибназар ба лагадкӯбии ӯ оғоз кард. Баҳром аз ҳуш рафт. Ман хеле тарсида, ба ҳар ҳол, наздиктар омада, дидам, ки ӯ ҳаракат намекунад. Ин вақт Ҷаҳонбек омад. Ӯ ҳам Баҳромро лагадкӯб карда, сипас бо тасма ба буғӣ кардан оғоз намуд. Чунон сахт буғӣ кард, ки тасма канда шуд. Баъдан Соҳибназар аз кисаи росташ корд бароварда, гулӯи ӯро бурид…”, – гуфтааст ӯ.

Пас аз куштор бародарон Юсуповҳо ҷасади Алиқуловро ба халта андохта, бо мошин ба қисмати дигари Сергиево Посад мебаранд ва мепартоянд.

Тибқи маълумоти мақомоти тафтишот,  бародарон Юсуповҳо ва Алиқулов дар бораи иншооти корӣ дар  бӯстонсароҳои “Парус” ва “Лесной” баҳсу мунозира карда, бародарон ҳамдиёрашонро ба он гунаҳкор кардаанд, ки иншоотеро, ки бояд онҳо кор мекарданд, аз дасти онҳо гирифтааст.

Дар натиҷа додгоҳ Соҳибназар Юсуповро ба 27 соли зиндони низомаш шадид, бародари ӯро – ба 25 соли зиндони низомаш шадид ва Саддам Юсуфзодаро – ба 4 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...