Дар Суғд озмуни вилоятии “Кадбонуи беҳтарин” ҷамъбаст гардид

Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” ҷамъбаст гардид. Дар ин бора Муяссара Мавлонӣ, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар озмун ғолибони даври аввал аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи 6 бахш иштирок кардаанд * ороиши дастархон, доштани малакаи дурусти истифода […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” ҷамъбаст гардид. Дар ин бора Муяссара Мавлонӣ, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар озмун ғолибони даври аввал аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи 6 бахш иштирок кардаанд

* ороиши дастархон, доштани малакаи дурусти истифода ва гузоштани зарфҳои болои миз;

* омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ (пешин) ва шом;

* пешниҳоди маълумот оид ба номи дурусти таом, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо;

* маҳорати пухтани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир;

* маҳорати омода намудани хӯришҳо;

* малакаи шӯридани намудҳои мухталифи хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти ордӣ.

“Аз рӯйи нишондиҳандаҳо ва хулосаи аъзои комиссияи озмун ғолибон муайян карда шуда, бо дипломҳои дараҷавӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ афзуд, ки “ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона мебошад”.

Аз ҷумла, аз рӯйи наминатсияи “Ороиши дастархон, доштани малакаи дурусти истифода ва гузоштани зарфҳи болои миз” шаҳрҳои:

1.Бӯстон

2.Спитамен

3. Истаравшан

Аз рӯйи наминатсияи “Омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ (пешин) ва шом”

1.Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

2.Шаҳри Исфара

3.Ноҳияи Деваштич

Аз рӯйи “Пешниҳоди маълумот оид ба номи дурусти таом, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо”;

1. Шаҳри Панҷакент

2. Ноҳияи Зафаробод

3. Ноҳияи Ҷаббор Расулов

Аз рӯйи номинатсияи “Маҳорати пухтани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир”

1. Ноҳияи Ҷаббор Расулов

2. Шаҳри Конибодом

3. Шаҳри Истиқлол

Аз рӯйи номинатсияи “Маҳорати омода намудани хӯришҳо”;

1 Шаҳри Гулистон

2 Ноҳияи Шаҳристон

3 Ноҳияи Айнӣ

Аз рӯйи номинатсияи “Малакаи шӯридани намудҳои мухталифи хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти ордӣ”.

1.Мастчоҳ

2.Ашт

3. Хуҷанд 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.